Раиси Кумитаи дин масъалаи 6 мадрасаи басташударо шарҳ дод

Раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон Сулаймон Давлатов зимни нишасти хабарии имрӯза ба масъалаи 6 мадрасаи басташуда каме рӯшанӣ андохт. «Ин мадрасаҳо дар Кумитаи мо ба қайд гирифта шуда, лекин бинобар сабаби ҷавобгӯ набудани барномаи таълимиашон ба меъёрҳои байнулмилалӣ, иҷозатномаи Вазорати маориф ва илмро дарёфт накардаанд […]

Аҳлиддин Салимов



Раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон Сулаймон Давлатов зимни нишасти хабарии имрӯза ба масъалаи 6 мадрасаи басташуда каме рӯшанӣ андохт.

«Ин мадрасаҳо дар Кумитаи мо ба қайд гирифта шуда, лекин бинобар сабаби ҷавобгӯ набудани барномаи таълимиашон ба меъёрҳои байнулмилалӣ, иҷозатномаи Вазорати маориф ва илмро дарёфт накардаанд ва аз ин рӯ, айни замон фаъолияти онҳо қатъ шудааст», – иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки дар саросари ҷумҳурӣ имрӯз расман 6 мадраса амал мекунад, ки 5-тои он дар қаламрави вилояти Суғд, дар шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд, Конибодому Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият дошта, 1-тои он дар шаҳри Турсунзода амал мекунад. Соли 2013 фаъолияти онҳо боздошта шуд.

Он замон мудири шуъба оид ба корҳои дини ҳукумати вилояти Суғд Абдуҳаким Шарипов

хабар дода буд,

фаъолияти ин мадрасаҳо аз моҳи июни соли 2013 бинобар сабаби зарурати аз ҷониби ин муассисаҳо дастрас накардани асноди иҷозатномавӣ аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мутаваққиф шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.