Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба «шайх Темур», ки гӯё «даъвои пайғамбарӣ дошт», рӯзи 7 июл дар сухани ниҳоии худ аз суд дархост намуд, ки дар ин моҳи шарифи Рамазон озод карда шавад. Дар ҳамин ҳол, судшаванда хоҳиш кард, ки «бегуноҳии ӯ аз рӯи бисёр айбномаҳо ва пиронсолии ӯ» ба инобат гирифта шавад.
Мавлудхон Солеҳов, адвокати С.Сатторов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, зерҳимояи 65-солаи ӯ аз судя Шавкат Лутфуллозода дархост намудааст, нишондоди шоҳидон зимни баррасии парванда дар мурофиаро, ки ба аз ҷониби ӯ истифода нашудани зӯроварӣ, фишор ва таҳдид нисбати онҳо баёнот додаанд, ба эътибор гирифта шавад ва ҳамчунин далели тамаъҷӯӣ низ исботи худро наёфтааст.
Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта, 8 июл содир шудани ҳукми суд нисбати Саидмаҳдихон Сатторов дар назар аст.
Ёдрас мекунем, ки йбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи Саидмаҳдихон Сатторов,
аз суд дархост намуда буд,
ки ӯ ба 18 соли зиндон маҳкум карда шавад.
Қобили зикр аст, ки дар мурофиаҳои қаблии судӣ, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад, судшаванда
қисман
ба гуноҳҳояш дар серзанагӣ, монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмӣ (нуҳсола) ва худсарона азхуд намудани қитъаи замин иқрор шуда, дар дигар айбномаҳо худро гунаҳкор эътироф накард.
Нимаи дуюми моҳи феврали соли ҷорӣ бо қарори суди ноҳияи Синои пойтахт Саидмаҳдихон Сатторови 65-сола
ба ҳабс гирифта шуда
, нисбати ӯ мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. «Шайх Темур» ба содир намудани ҷиноятҳои марбут ба қаллобӣ, серзанагӣ ва ғайра гумонбар донита мешавад.
Ёдрас мекунем, Шабакаи Аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6-уми феврал
филмеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод
, ки аз корнамоиҳои Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” нақл мекунад.
Мебояд гуфт, то санаи 16-уми феврал С.Сатторов дар деҳаи Асбоби ҷамоати Работи шаҳри Турсунзода таҳти ҳабси хонагӣ қарор дошт.





