Нигаронии Саридораи геология аз суръати корҳо дар ҷануби кишвар

Раҳбарияти Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ аз суръати корҳои иктишофӣ дар минтақаи ҷануби кишвар қаноатманд нест. Роҳбари Саридораи геология Мурод Ҷумъазода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ҷараёни иҷрои корҳои лоиҳавӣ оид ба ҷустуҷӯи нафту газ дар минтақаи ҷануб қобили қабул нест, зеро суръати ин корҳо хеле суст мебошад. Мурод Ҷумъазода […]

Пайрав Чоршанбиев



Раҳбарияти Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ аз суръати корҳои иктишофӣ дар минтақаи ҷануби кишвар қаноатманд нест.

Роҳбари Саридораи геология Мурод Ҷумъазода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ҷараёни иҷрои корҳои лоиҳавӣ оид ба ҷустуҷӯи нафту газ дар минтақаи ҷануб қобили қабул нест, зеро суръати ин корҳо хеле суст мебошад.

Мурод Ҷумъазода қайд кард, ки ширкати канадагии «Тетис Петролеум» муддати 10 сол аст, ки дар ҷануби Тоҷикистон ба корҳои иктишофи геологӣ машғул буда, дар ин давра паймонкори асосии корҳои геофизикӣ чандин маротиба иваз шуд.

Ӯ хотиррасон намуд, ки айни замон «Тетис Петролеум» дар ин минтақа бо Корпоратсияи милли нафту гази Чин (CNPC) ва ширкати фаронсавии Total ҳамкорӣ мекунад. «Шояд «Тетис» ба мушкилоти маблағгузорӣ ба лоиҳа дучор шуда, дар ин робита ду ширкати маъруфи ҷаҳониро ҷалб намуд ва акнун ба мо душвор аст, ки бигӯем замоне дар ин минтақа натиҷае ба даст меоварда бошем», – иброз дошт ӯ.

Роҳбари Саридораи геология таъкид дошт, ки ширкатҳои дар боло зикршуда то соли 2033 барои гузаронидани корҳои иктишофи геологӣ дар 28 минтақаи ҷануби кишвар иҷозатнома дарёфт кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2012 «Тетис Петролеум» эълом дошт, ки тибқи таҳқиқоти пешакӣ, дар майдони Бохтари вилояти Хатлон 3,22 триллион захираҳои газ ва 8,5 млрд. баррел захираҳои нафт мавҷуд мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.