Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Фаронса



Президенти тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни фархундаи миллии Ҷумҳурии Фаронса – солгарди ба даст овардани Бастилия ба президенти ин кишвар Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тарбикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки Тоҷикистон сатҳи муносибатҳои худро бо Ҷумҳурии Фаронса баланд арзёбӣ намуда, Фаронсаро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо мешуморад ва ба густариши бемайлони ин равобит ва васеъ гардонидани доираи ҳамкориҳо ҳавасманд аст.

«Мо аз сатҳи рушди муносибатҳои дуҷониба қаноатманд ҳастем ва итминон дорем, ки ба кор андохтани имкониятҳои тоза барои боз ҳам тавсеа бахшидани муносибатҳои ҳасанаи дуҷониба ба нафъи ҳар ду кишвар буда, боиси таҳкими сулҳу субот ва равобити судманди созанда дар минтақа мебошад ва барои расидан ба ин ҳадафҳои нек мо аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳем кард», – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Ҳамасола санаи 14 июл мардуми Фаронса Рӯзи ба даст овардани Бастилия, зиндони низомаш шадид ва оғози шӯриши мусаллаҳонаи соли 1789-ро ҷашн мегирад, ки ибтидои инқилоби фаронсавиро таҷассум менамояд.

spot_imgspot_img

Популярное