Оғози эътирозу гирдиҳамоиҳо дар назди парлумони Юнон

Дар назди парлумони Юнон издиҳоми мардуми гирдомада парчами ҳизби ҳукмронро оташ зада, чапгароён ҳизби ҳукмрони «СИРИЗА»-ро дар хиёнат муттаҳам карданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», гирдиҳамомадагон таъкид намуданд, ки сарвазир Алексис Сипрас ваъдаҳои пешазинтихоботии худро халалдор карда, новобаста аз натиҷаи раъйпурсӣ ба талаби қарздиҳандагон розӣ шуд. Вазири мудофиаи Юнон Панос Каменос Берлинро […]

ASIA-Plus



Дар назди парлумони Юнон издиҳоми мардуми гирдомада парчами ҳизби ҳукмронро оташ зада, чапгароён ҳизби ҳукмрони «СИРИЗА»-ро дар хиёнат муттаҳам карданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», гирдиҳамомадагон таъкид намуданд, ки сарвазир Алексис Сипрас ваъдаҳои пешазинтихоботии худро халалдор карда, новобаста аз натиҷаи раъйпурсӣ ба талаби қарздиҳандагон розӣ шуд. Вазири мудофиаи Юнон Панос Каменос Берлинро гунаҳкор карда, изҳор дошт, ки ҳангоми ҳамоиш дар шаҳри Брюссел сарвазир зери фишори зиёд қарор гирифт.

Гуфта мешавад, рӯзи 15-уми июл кормандони соҳаи буҷаи Юнон тасмими доир кардани корпартоиро доранд. Ҳоло ҳам маълум нест, ки кай бонкҳо фаъолияти худро оғоз мекунанд, зеро то ба ҳол маҳдудият барои гирифтани маблағ дар банкоматҳо вуҷуд дорад. Акнун барномаи нави маблағгузорӣ ба Юнон дар якчанд ҳафтаи оянда омода мешавад. Дар ин бора роҳбари гурӯҳи Аврупо Йерон Дейселблум таъкид кардааст.

Ҳоло Иттиҳоди Аврупо (ИА) кӯшиш дорад, ки ба Юнон ба хотири пешгирӣ аз муфлисшавӣ кумаки оҷилӣ расонад. Олмон, ки қарздиҳандаи асосии Афина ба ҳисоб меравад, аз қарордоди нав, ки миёни ИА ва ҳукумати Юнон баста шуд, чандон розӣ нашуд. Тибқи назарпурсии охир аз се ду ҳиссаи мардуми Олмон зидди хориҷ кардани Юнон аз ИА мебошанд. Ҳаҷми кумаки молӣ ба Юнон 86 млрд. евроро ташкил медиҳад. Бо ивази кумак Юнонро зарур аст, ки як теъдод ислоҳотро дар кишвар амалӣ намояд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.