ТАЛКО бори нахуст тайи солҳои ахир содироти алюминийро афзуд

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) бори нахуст тайи солҳои ахир ҳаҷми содироти алюминийро зиёд кард. Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфаттоҳ Ғоиб дар ин робита иттилоъ дод, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 109 млн. доллари ИМА 61,2 ҳазор тонна алюминийро ба хориҷи кишвар интиқол додааст. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳаҷм аз […]

Пайрав Чоршанбиев



Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) бори нахуст тайи солҳои ахир ҳаҷми содироти алюминийро зиёд кард.

Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфаттоҳ Ғоиб дар ин робита иттилоъ дод, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 109 млн. доллари ИМА 61,2 ҳазор тонна алюминийро ба хориҷи кишвар интиқол додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҳаҷм аз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 3,6% зиёдтар аст. Ҳамин давра аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 60 ҳазор тонна алюминий содирот шуда буд.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир дар ТАЛКО тамоили коҳиши истеҳсоли алюминий ба мушоҳида мерасад. Ҳамин тариқ, дар ТАЛКО соли 2007 – 419; соли 2008 – 400; соли 2009 – 360; соли 2010 – 348; соли 2011 – ҳудуди 290; соли 2012 – 275; соли 2013 – беш аз 218 ва соли 2014 – ҳудуди 125 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шуд.

Аввали соли равон ҳукумати Тоҷикистон аз раҳбарияти ТАЛКО талаб кард, ки ба афзоши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот муваффақ шаванд.

Нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода зикр кард, ки ҳукумат мунтазам ширкатро дастгирӣ намуда, барояш бисёр имтиёзҳо пешниҳод мекунад, вале аз истеҳсоли алюминий дар ҳаҷми 125 ҳазор тонна дар соли гузашта қаноатманд нест. «Мо хостори онем, ки ҳамасола 300-400 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шавад», – гуфт ӯ.

Дар навбати худ

раҳбарияти ТАЛКО ба нахуствазир ваъда дод

, ки дар муқоиса бо соли гузашта имсол ҳаҷми истеҳсоли алюминий 50 ҳазор тонна (40%) зиёд гардида, то 175 ҳазор тонна расонида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.