Кӯшиши аз Эрон ворид намудани «ахлоти заҳролуд»

Гумрукчиёни тоҷик аз воридоти беш аз 23 тонна пӯсти мурғи вайроншуда ва муҳлати истифодааш гузашта дар марз ҷилавгирӣ намуданд, ки он барои истеҳсоли ҳасиб ва дигар маводи ғизойӣ пешбинӣ шуда буд. Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфаттоҳи Ғоиб зимни нишасти хабарӣ ба журналистон дар ин робита изҳор дошт, ки соҳибкор ин борро ҳамчун маҳлули […]

Пайрав Чоршанбиев



Гумрукчиёни тоҷик аз воридоти беш аз 23 тонна пӯсти мурғи вайроншуда ва муҳлати истифодааш гузашта дар марз ҷилавгирӣ намуданд, ки он барои истеҳсоли ҳасиб ва дигар маводи ғизойӣ пешбинӣ шуда буд.

Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфаттоҳи Ғоиб зимни нишасти хабарӣ ба журналистон дар ин робита изҳор дошт, ки соҳибкор ин борро ҳамчун маҳлули глюкоза ба ҷумҳурӣ ворид карданӣ будааст.

«Аммо ҳангоми азназаргузаронии бор зиёда аз 23 ҳазор тонна пӯсти мурғ дарёфт шуд, ки баъдтар маълум шуд дар истеҳсоли ҳасиб дар коргоҳҳо ва котлету сихкабоби мурғӣ дар қаҳвахонаву тарабхонаҳо истифода бурданӣ буданд», – иброз дошт ӯ.

Роҳбари Хадамоти гумрук қайд кард, ки ин мол «ба ҷуз ахлоти заҳролуд, чизи дигаре набуда», аз Эрон дастрас шудааст ва дар он ҷо пӯсти мурғ дар саноати хӯрокворӣ истифода намешавад. «Нисбати соҳибкоре, ки ин маҳсулотро ба ҷумҳурӣ ворид карданӣ буд, тадбирҳо андешида мешаванд», – афзуд А.Ғоиб.

Ба тасдиқи мутахассисон, пӯсти мурғ ба мисли пӯсти дигар паррандагон аз миқдори зиёди чарбу (равған) ва дар таркиби он маводи хатарнок ба солимии инсон иборат аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.