Коҳиши ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ ба андозаи 22%

Нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон каме бештар аз 2,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 21,9% ё худ 563,4 млн. доллари ИМА камтар аст. Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфаттоҳи Ғоиб зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита иттилоъ дод, ки […]

Пайрав Чоршанбиев



Нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон каме бештар аз 2,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 21,9% ё худ 563,4 млн. доллари ИМА камтар аст.

Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфаттоҳи Ғоиб зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии кишвар дар соли равон зиёда аз 1,5 млрд. доллари ИМА ба воридот ва 430,3 млн. доллари ИМА ба содироти маҳсулот рост меояд.

Роҳбари Хадамоти гумрук қайд кард, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2014 тайи 6 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти маҳсулот ба миқдори 25,1% ё худ 526 млн. доллари ИМА ва содирот ба андозаи 7,9% ё худ 36,9 млн. доллари ИМА камтар шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, соли ҷорӣ маҳсулот аз Тоҷикистон асосан ба Туркия (27,8% аз ҳаҷми умумии содирот), Швейтсария (21,5%), Қазоқистон (18,5%), Эрон (7,1%), Русия (6,6%), Афғонистон (4,2%) ва Покистон (3,2%) содирот шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин давра ба Тоҷикистон маҳсулот ба миқдори нисбатан бештар аз Русия (31,6% аз ҳаҷми умумии воридот), Чин (17,1%) ва Қазоқистон (16,8%) ворид карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.