Ҳаҷми пардохтпулиҳои гумрукӣ қариб 20% кам шуд

Ҳаҷми воридоти маблағ ба буҷети давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби пардохтпулиҳои гумрукӣ қариб 20% кам шуд. Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфатттоҳ Ғоиб зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба буҷет дар ҳаҷми беш аз 1,6 млрд. сомонӣ (бо назардошти ҳамаи сарчашмаҳо) маблағи пардохтпулиҳои гумрукӣ ворид шуданд, […]

Пайрав Чоршанбиев



Ҳаҷми воридоти маблағ ба буҷети давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби пардохтпулиҳои гумрукӣ қариб 20% кам шуд.

Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфатттоҳ Ғоиб зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба буҷет дар ҳаҷми беш аз 1,6 млрд. сомонӣ (бо назардошти ҳамаи сарчашмаҳо) маблағи пардохтпулиҳои гумрукӣ ворид шуданд, ки ба 81% аз нақшаи пешбинишуда баробар аст.

Ба гуфтаи ӯ, ба сатҳи нопурра иҷро шудани нақшаи ҷамъоварии пардохтпулиҳои гумрукӣ дар нимсолаи аввал як қатор омилҳои беруна, аз ҷумла таҳримҳои кишварҳои Ғарб нисбати Русия, ки дар коҳиши муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон таҷассум ёфт, ноустувории қурби пули миллӣ, мушкилоти транзити мол ва сиёсати тарифбандии «чанде аз кишварҳои ҳамсоя» ва мавсимӣ будани убури мол тариқи марзи гумрукии Тоҷикистону Чин таъсири манфӣ расониданд.

Роҳбари Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ таъкид дошт, ки давоми 6 моҳи соли равон воридоти мол тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан ба таври назаррас коҳиш ёфт.

«Дар ин давра ба кишвар тақрибан 33 ҳазор адад вагонҳои боркаши роҳи оҳан ва ҳудуди 19 ҳазор адад нақлиёти боркаши автомобилӣ ворид шуданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 5,7 ҳазор ва 4,8 ҳазор адад камтаранд», – афзуд А.Ғоиб.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.