Мусоидати нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба истироҳати кӯдакон

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «НБО Сангтӯда-1» ҷиҳати сафар ба дараи хушманзари Варзоб ва ташкили истироҳати 50 нафар тарбиятгирандагони мактабҳои динии рӯзи якшанбеи калисои Николи Муқаддас (Свято – Николский Собор) ва ибодатгоҳи православии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон мусоидат намуд. Кӯдакони синни аз 6 то 15-сола дар озмунҳои шавқовари варзишиву эҷодӣ, мусобиқаҳои гуногун, тирпарронӣ аз милтиқ […]

Иттилоияи расмӣ



Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «НБО Сангтӯда-1» ҷиҳати сафар ба дараи хушманзари Варзоб ва ташкили истироҳати 50 нафар тарбиятгирандагони мактабҳои динии рӯзи якшанбеи калисои Николи Муқаддас (Свято – Николский Собор) ва ибодатгоҳи православии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон мусоидат намуд.

Кӯдакони синни аз 6 то 15-сола дар озмунҳои шавқовари варзишиву эҷодӣ, мусобиқаҳои гуногун, тирпарронӣ аз милтиқ ва дигар чорабиниҳо хушҳолона ширкат варзида, дар ҳавзи шиноварӣ то сер шудан оббозӣ карданд.


Директори генералии ҶСК «НБО Сангтӯда-1»:

«Мо ба ин гуна сафарҳову истироҳати тарбиятгирандагони мактабҳои динӣ ҳамеша кумак мекунем, ки як саҳмгирии корхона дар тарбияи кӯдакону ҷавонон дар рӯҳияи рафтору арзишҳои волои маънавӣ аст. Бо иштирок дар ин қабил чорабиниҳо кӯдакон хеле рӯҳбаланд шуда, эҳсосоти зиёди мусбат бо худ мебаранд».

Қобили зикр аст, ки дар заминаи мактабҳои динии рӯзи якшанбе дар Тоҷикистон кӯдакону наврасон ба таври иловагӣ бо таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар чорабиниҳои гуногуни фароғатӣ ва фарҳангӣ, озмунҳои эҷодӣ ва ҷашнҳои идона иштирок мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.