Таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак»

Гурӯҳи кории ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак»-ро таҳия намуд. Як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки лоиҳаи қонун бо тамоми вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа шуда, ояндаи наздик ба баррасии палатаи поёнии парлумон пешниҳод мегардад. Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади таъсиси ниҳоди Ваколатдор […]

Аваз Юлдошев



Гурӯҳи кории ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак»-ро таҳия намуд.

Як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки лоиҳаи қонун бо тамоми вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа шуда, ояндаи наздик ба баррасии палатаи поёнии парлумон пешниҳод мегардад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади таъсиси ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таҳия шуда, дар он тартиби таъин ва аз кор озод шудани ваколатдор, ҳуқуқу шаклҳои фаъолияти ин ниҳод барои ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдакон дар ҷумҳурӣ муайян карда мешавад.

Мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакро бо розигии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ президенти мамлакат таъин мекунад. Шахси ба ин вазифа таъиншуда дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон савганд ёд мекунад.

Ёдрас мекунем, ки дар паёми худ ба парлумон рӯзи 23 январи соли равон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда буд, ки ба хотири таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, дар ҷумҳурӣ ниҳоди Ваколдатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон таъсис дода шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.