Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун танҳо ҷанбаҳои мусбатро мебинад

Мувофиқи таҳқиқоти коршиносони хориҷӣ, то соли 2050 дар Тоҷикистон тамоили нисбатан болоравии ҳарорат ба миқдори 2% ба мушоҳида хоҳад расид. Зимни вохӯрӣ бо журналистон муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон Ойхон Шарифова изҳор намуд, ки Тоҷикистон кишвари ғанӣ аз захираҳои обӣ маҳсуб меёбад, ки 60%-и захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз он […]

Мавзуна Абдуллоева



Мувофиқи таҳқиқоти коршиносони хориҷӣ, то соли 2050 дар Тоҷикистон тамоили нисбатан болоравии ҳарорат ба миқдори 2% ба мушоҳида хоҳад расид.

Зимни вохӯрӣ бо журналистон муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон Ойхон Шарифова изҳор намуд, ки Тоҷикистон кишвари ғанӣ аз захираҳои обӣ маҳсуб меёбад, ки 60%-и захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз он сарчашма мегиранд.

«Аммо баъди соли 2050 коҳишёбии захираҳои об пешгӯӣ гардида, агар мо сохтмони нерӯгоҳи Роғунро ба итмом расонем, мо ба кишварҳои дигар низ об дода метавонем, – иброз дошт ӯ.

Директори агентии обуҳавошиносӣ Ҳомидҷон Расулзода дар ин робита зикр кард, ки буғшавии об аз обанбори Норак ба ҳеҷ гунае ба иқлими ҷумҳурӣ ва кишварҳои минтақа таъсир расонида натавониста, танҳо ба қаламрави худи нерӯгоҳ таъсиргузоранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.