Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, мулоқот бо фаъолони шаҳр, шиносоӣ бо рафти иҷрои дастуру супоришҳои додашуда зимни сафарҳои қаблӣ ва боздид аз маҳалли барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Роғун ба шаҳри Роғун ташриф овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафари кории президент дар шаҳри Роғун нахуст аз иштирок дар маросими ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Роғун оғоз ёфт.
Бинои муҳташами мактаби замонавӣ, ки аз 4 ошёна иборат буда, намуди зебову тарҳи меъмории нодир дорад, дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре маълум шуд, бунёди ин муассисаи таҳсилоти миёна соли 1980 оғоз гардида, сохтмонаш нотамом монда буд. Инак пас аз супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мактаб аз тарафи маъмурияти Муассисаи зериобшавандаи Роғун бо харҷи беш аз 22 миллиону 460 ҳазор сомонӣ сохта ва муҷаҳҳаз карда шуд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 – и шаҳри Роғун аз чор ошёна иборат буда, барои 1300 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Масоҳати умумии ҳудуди мактаб 3,6 гектар мебошад.
Дар 4 ошёнаи мактаб 44 синфхона, аз ҷумла 3 синфхонаи компютерӣ, 4 синфхонаи лингофонӣ, кабинети биология бо лабаратория, синфхонаҳои химия, физика, математика, синфхонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ, 4 устохонаи ҳунаромӯзӣ 2-тогӣ алоҳида барои духтарон ва писарон бо олоту воситаҳои дӯзандагию пухтупаз ва дуредгарию оҳангарӣ муҷаҳҳаз мавҷуд аст. Дар 4 синфхона тахтаи электронӣ насб шуда, дар маҷмуъ 60 компютери муосир дар ихтиёри хонандагон мебошад.
Мактаб дорои ошхонаи замонавӣ бо 300 ҷой мебошад. Барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун толори барҳавои маҷлисӣ бо 260 ҷойи нишаст бунёд шудааст.
Зимни шиносоии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ин толор хонандагон намоишномаи пурмазмунеро дар васфи Модар-Ватан, ташаббусҳои созандаи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва гиромидошти арзишҳову муқаддасоти миллӣ пешниҳод карданд, ки ба ҳозирин хеле писанд омад.
Ба хотири тарғиби ҳаёти солим ва рушди варзиш дар мактаб инчунин барои дарси тарбияи ҷисмонӣ 3 толори варзишӣ, аз ҷумла барои бозиҳои волейбол, баскетбол ва гуштин бунёд ёфтааст.
Дар саҳни мактаб майдони футбол бо 3000 ҷойи нишаст сохта шудааст. Дар шафати он бошад, майдони бозии волейбол, баскетбол ва роҳравҳо барои давидан бунёд гардидааст.
Китобхона бо толори хониш ва хазинаи нигоҳдории беш аз 10 ҳазор китоб низ дар мактаб мавҷуд аст.
Дар ошёнаи 1 – ум бошад, анбор барои нигоҳдории маводи гуногун, 1 ҷойи тирпарронӣ барои омодагии ҳарбии ҷавонон сохта шудааст.
Барои бе мушкилӣ гузарондани фасли сармо мактаб бо системаи гармидиҳии маркази шаҳр пайваст карда шудааст. Инчунин мактаб дорои 5 генератори барқдиҳанда мебошад.
Барои бехатарии хонандагон бошад, 18 камераи назоратӣ насб карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки тарҳи замонавии мактаб нодир буда, бо назардошти рельефи маҳали сохтмон бунёд ёфтааст.
55 нафар омӯзгорони дорои маълумоти олӣ ба хонандагон аз фанҳои гуногун дарс мегӯянд. Дар ин мактаб хонандагон аз минтақаи поёнии шаҳр, деҳаҳои Паси муҳраҳо, Сариқамиш, Каҷбед ва деҳаи Кичроғ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тадрис дар синфхонаҳои барҳавои мактаби мазкур бо таълимгирандагон мулоқоти самимӣ доир кард.
Зимни ин суҳбатҳо хонандагон дар бораи шароити замонавии таҳсил, ки бо супориши Президенти мамлакат барои фарзандон ва наврасону ҷавонон муҳайё шудааст, сухан карда, ба Сардори давлат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи мактаби навро ба хонандагон, созандагони фардои кишвар муборакбод гуфта, дар бораи дастгирии соҳаи маориф, иқдому ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди соҳаи маориф, беҳдошти сатҳу сифати таълим, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандон, ғамхории роҳбарияти давлату ҳукумат барои баланд бардоштани савияи донишу маърифати хонандагон ва шиносонидани онҳо бо илмҳои муосир андешаҳои ҷолиб баён кард.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон хонандагонро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз худ кардани илмҳои нав ва барномаҳои компютерӣ ҳидоят намуд, зеро ба андешаи Президенти мамлакат донистани забонҳои хориҷӣ ва кор бо компютер талаботи замони муосир аст.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон инчунин хонандагонро ба дӯст доштани Ватан, гиромидошти арзишҳои он, эҳтироми забони давлатӣ, таъриху фарҳанг ва маданияти аҷдодони бонангу номуси хеш, ватандорию ватанхоҳӣ ва зиракию ҳушерӣ ҳидоят намуд.
Баъди шиносоӣ бо шароити муосири таълим дар саҳни ҳавлии мактаб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳр ва устодону хонандагон мулоқоти самимию судманд доир кард.
Дар оғози суханронӣ Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 – и шаҳри Роғунро туҳфаи арзандаи Президенти мамлакат ба фарзандони сокинони шаҳр арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки ин иқдом аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ба хотири рушду пешрафти соҳаи маориф ва бо ин роҳ баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати фарзандон амалӣ шудааст.





