Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон 13% коҳиш ёфт

Нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 283 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта қариб 13% камтар аст. Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, нархи гумрукии маҳсулоти нафтии воридшуда 187,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нархи ҳамин давраи соли пешин […]

Пайрав Чоршанбиев



Нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 283 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта қариб 13% камтар аст.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, нархи гумрукии маҳсулоти нафтии воридшуда 187,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нархи ҳамин давраи соли пешин 81,6 млн. доллари ИМА камтар аст. «Ба буҷети давлатӣ ба сифати пардохтпулиҳои гумркӣ аз ин ҳисоб тақрибан 80 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид шуд», – таъкид доштанд дар ин хадамот.

Қобили зикр аст, ки нимсолаи аввали соли 2014 аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон наздики 323 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардида буд.

Воридкунандаи асосии маводи сӯхт аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон Русия боқӣ мемонад, ки ба ҳиссаи ин кишвар то 90% аз ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтии воридшаванда рост меояд.

Тибқи маълумоти Агентии омор, ба Тоҷикистон соли 2012 — 373,7 ҳазор тонна, соли 2013 – 375,8 ҳазор тонна ва соли 2014 – 579,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон мақомоти дахлдори марбут ба бахши энергетикаи Тоҷикистону Русия оид ба 

тавозуни индикативии сӯзишворӣ дар соли 2015 

ба мувофиқа расиданд. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон бояд 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ интиқол дода шавад.

Соли 2014 тавозуни индикативӣ барои Тоҷикистон 1 млн. тонна муқаррар шуда, аммо ба ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки ҳамагӣ каме бештар аз нисфи ин миқдор маҳсулоти нафтиро аз Русия дастрас намояд.

Дар ин маврид ҳамчунин мебояд зикр кард, ки чанде қабл васоити ахбори умуми Русия аз

болоравии нархи сӯзишворӣ дар кишварашон

маълумот дода буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.