Перм: Мурофиаи судии аъзои гурӯҳи нашъаҷаллобон таҳти раҳбарии тоҷикистониён

Дар шаҳри Перми Русия парвандаи ҷиноии беш аз 20 нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша, ки аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил карда шудааст, ба баррасии суд ирсол шуд. Бино ба иттилои  Прокуратураи ФР дар вилояти Перм , прокуратура айбномаҳо нисбати 4 нафар созмондиҳандагони гурӯҳ ва 19 нафар аъзои онро, ки ба интиқол ва фурӯши маводи мухаддир дар […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Перми Русия парвандаи ҷиноии беш аз 20 нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша, ки аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил карда шудааст, ба баррасии суд ирсол шуд.

Бино ба иттилои 

Прокуратураи ФР дар вилояти Перм

, прокуратура айбномаҳо нисбати 4 нафар созмондиҳандагони гурӯҳ ва 19 нафар аъзои онро, ки ба интиқол ва фурӯши маводи мухаддир дар қаламрави ин вилоят машғул будаанд, тасдиқ кардааст.

Тибқи маълумоти мақомоти тафтишот, ахири соли 2013 ин шахсон бо мақсади фурӯши миқдорҳои зиёди маводи мухаддири героин як иттиҳоди ҷиноятпешае созмон додаанд. Аксаран фурӯш тариқи пинҳонгоҳҳои гуногун сурат гирифта, пардохт тавассути суратҳисобҳои сершумор анҷом мепазируфтааст. Соли 2014 фаъолияти ин гурӯҳ ошкор ва аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Русия қатъ карда шуда, беш аз 7 кило героин аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шудааст.

Аз рӯи ин далел мутобиқи моддаҳои «иштирок дар иттиҳоди ҷиноятпеша» ва «фурӯши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ба миқдори зиёд» парвандаи ҷиноӣ боз шуда, зимни тафтишот беш аз 60 нафар шоҳидон бозпурсӣ ва маводи парванда дар маҷмӯъ ба 60 ҷилд расидааст.

Гуфта мешавад, парвандаҳои ҷиноӣ нисбати ду нафар созмондиҳандагони гурӯҳи ҷиноятпеша – шаҳрвандони Тоҷикистон ба истеҳсолоти ҷудогона ихтисос дода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.