Дар остонаи Иди Рамазон ба кормандони ВКД ва КДАМ бепул намак тақсим карданд

Имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Иди Шарифи Рамазон дар шафати бинои Вазорат ярмарка ва фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ барои ҳайати шахсии Вазорат ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ доир карда шуд . Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита менависад, дар ярмаркаи мазкур маҳсулоти хӯрокворӣ аз хоҷагиҳои ёрирасони ВКД, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру […]

ASIA-Plus



Имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Иди Шарифи Рамазон дар шафати бинои Вазорат ярмарка ва фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ барои ҳайати шахсии Вазорат ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ доир карда шуд

.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита менависад, дар ярмаркаи мазкур маҳсулоти хӯрокворӣ аз хоҷагиҳои ёрирасони ВКД, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ оварда шуда, меваю сабзавоти тару тоза ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи мардум аз қабили картошка, пиёз, помидор, бодиринг, карам, сабзӣ, гӯшту тухм ва тарбузаю харбуз, нисбат ба бозорҳои пойтахт 40-50% арзонтар пешкаши харидорон карда шуданд.

Гуфта мешавад, нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ: як килограмм гӯшт 20 сомонӣ, биринҷ 5 сомонӣ, картошка, пиёз, сабзӣ 50 дирам, помидор, бодиринг, боқлаҷон 40-50 дирам, тарбузаю харбуз 2-3 сомонӣ, равған 5 сомонӣ, 1 дона тухм 40 дирам, намак ройгон ва як халта орд 120 сомониро ташкил медод.

Зимнан зикр мегардад, ки бо мақсади ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ чунин ярмаркаҳои маҳсулоти аввалия аз ҷониби роҳбарияти ВКД мунтазам ташкил карда мешавад.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.