Эмомалӣ Раҳмон: Сохтмони нерӯгоҳи Роғун масъалаи ҳаёту мамоти Тоҷикистон аст

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  мутмаин аст, ки пешрафту тараққиёти минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар ба бунёди иншооти хурду бузурги гидроэнергетикӣ ва дар навбати аввал нерӯгоҳи Роғун вобаста аст. «Маҳз бо дарназардошти ҳамин воқеият мо сохтмони нерӯгоҳи Роғунро масъалаи ҳаёту мамоти Тоҷикистон эълон намудем», – гуфт сарвари давлат зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  мутмаин аст, ки пешрафту тараққиёти минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар ба бунёди иншооти хурду бузурги гидроэнергетикӣ ва дар навбати аввал нерӯгоҳи Роғун вобаста аст.

«Маҳз бо дарназардошти ҳамин воқеият мо сохтмони нерӯгоҳи Роғунро масъалаи ҳаёту мамоти Тоҷикистон эълон намудем», – гуфт сарвари давлат зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Роғун.

Президенти мамлакат таъкид дошт, ки имрӯзҳо дар доираи дастгириҳои доимии давлату ҳукумати мамлакат ва азму талоши мутахассисони ватанӣ бунёди бузургтарин иншооти шаҳр – нерӯгоҳи барқи обии Роғун босуръат идома дорад.

«Аксари сокинони мамлакат хуб дар хотир доранд, ки ман ҳанӯз рӯзҳои аввали роҳбариам бо вуҷуди вазъи ноороми кишвар ва идома доштани мухолифатҳои мусаллаҳона таъмини амният ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат эълон карда будам, – гуфт президент. –  Албатта, дар он солҳои ноорому вазнин захираҳои молиявӣ ва имкониятҳои моддиву техникии ба анҷом расонидани вазифаҳои дар самти бунёди иншооти энергетикӣ муайяншуда вуҷуд надоштанд, вале бо вуҷуди ин, аз ҷониби мутахассисон нақшаи татбиқи онҳо барои ояндаи наздик омода карда мешуданд».

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки «иқдоми мазкур тадриҷан эътимоди мардуми кишварро ба ояндаи соҳаи энергетикаи мамлакат ва рушди устувору бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвар тақвият бахшид».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.