Дархости 6,5 соли зиндон ба мушовири раиси ҲНИТ

Дар мурофиаи додгоҳии мушовири раиси ҲНИТ Ҷамолиддин Маҳмудов айбдоркунанлдаи давлатӣ аз суд дархост намуд, ки ӯ ба 6,5 соли зиндон маҳкум карда шавад. Мурофиа дар суди ноҳияи Ҳисор таҳти раёсати судяи ноҳия Исроил Мирзозода ҷараён дорад. Зарафо Раҳмонӣ, адвокати судшаванда ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон дар мурофиа танаффус эълон шудааст. […]

Меҳрангез Турсунзода



Дар мурофиаи додгоҳии мушовири раиси ҲНИТ Ҷамолиддин Маҳмудов айбдоркунанлдаи давлатӣ аз суд дархост намуд, ки ӯ ба 6,5 соли зиндон маҳкум карда шавад. Мурофиа дар суди ноҳияи Ҳисор таҳти раёсати судяи ноҳия Исроил Мирзозода ҷараён дорад.

Зарафо Раҳмонӣ, адвокати судшаванда ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон дар мурофиа танаффус эълон шудааст. Тибқи тартиботи маъмулӣ, ба Маҳмудов сухани ниҳоӣ дода шуда, сипас ҳайати суд ба хонаи машваратӣ хориҷ мешавад.

Зарафо Раҳмонӣ ҳамчунин илова намуд, ки зимни тафтишот ба айбнома тибқи моддаи 195, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) қисми сеюм ҳам илова шудааст.

«Ин ба он марбут аст, ки ташхиси доиргардида ҷангиву коршоям будани 31 тир аз 51 тири дарёфтшударо нишон дод», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки Ҷамолиддин Маҳмудов рӯзи 10 феврали соли 2015 ба гумони даст доштан дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа аз ҷониби кормандони сохторҳои қудратӣ боздошт шуда, рӯзи дигар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ин робита 

изҳорот интишор кард.

Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ низ ба журналистон 

тасдиқ намуда буд,

 ки яке аз таппончаҳои дар манзили шаҳрванд Латиф Сардоров дарёфтшуда аз ҷониби кормандони КДАМ ҳақиқатан ҳам ба узви КМИР Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҷамолиддин Маҳмудов тааллуқ дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.