Мусоидати Хадамоти муҳоҷират ба пардохти беш аз 1 млн. рубл маоши муҳоҷирон

Муддати 15 рӯз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба дастрас шудани музди меҳнати муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳаҷми 1 млн. 331 ҳазор рубл мусоидат намуд. Сухангӯи намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо мусоидати намояндагӣ ва суҳбату мулоқот бо раҳбарияти корхонаи истеҳсолу маҳсулоти […]

Меҳрангез Турсунзода



Муддати 15 рӯз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба дастрас шудани музди меҳнати муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳаҷми 1 млн. 331 ҳазор рубл мусоидат намуд.

Сухангӯи намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо мусоидати намояндагӣ ва суҳбату мулоқот бо раҳбарияти корхонаи истеҳсолу маҳсулоти ширу гӯшту вилояти Маскав, ки дар он беш аз 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон машғули кор будаанд, ба муҳоҷирон ба маблағи умумии 1 млн. 174 ҳазор рубл қарздорӣ аз музди меҳнат пардохта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин намояндагӣ ба пардохти маблағи қарздорӣ аз маоши муҳоҷирон Одинабек Лоиқов ва Муҳаммадҷон Қурбонов дар ҳаҷми 124 ҳазор ва 33 ҳазор рубл, ки дар ҶДММ «Римтек»-и шаҳри Екатеринбург кор мекунанд, низ кумак кард.

«Зимни баррасии чунин муроҷиатҳо раҳбарияти корхонаҳо асосан ба пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирон ё саривақт пардохт нашудани он мушкилии молиявии корхонаро сабаб меоранд», – гуфт Аҳмадов ва илова намуд, ки намояндагӣ минбаъд низ ба баррасиву ҳалли ба ин монанд муроҷиатҳои ҳамватанон идома медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.