Нашри луғату дастурҳо барои муҳоҷирони тоҷик

Ҳангоми супурдани имтиҳоноти ҳатмӣ аз забони русиву таърих ва асосҳои қонунгузории Русия шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд аз луғатҳо истифода кунанд, ки дар онҳо истилоҳоти ҳуқуқшиносӣ ва таърих аз тестҳо тарҷума шудаанд. Дастурҳои методӣ барои муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Туркия, Корея, Қирғизистон ва Ветнам аллакай таҳия шудаанд. Нашрияи Известия дар ин робита менависад, барои муҳоҷирон китоби дарсӣ барои […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Ҳангоми супурдани имтиҳоноти ҳатмӣ аз забони русиву таърих ва асосҳои қонунгузории Русия шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд аз луғатҳо истифода кунанд, ки дар онҳо истилоҳоти ҳуқуқшиносӣ ва таърих аз тестҳо тарҷума шудаанд. Дастурҳои методӣ барои муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Туркия, Корея, Қирғизистон ва Ветнам аллакай таҳия шудаанд.

Нашрияи Известия дар ин робита менависад, барои муҳоҷирон китоби дарсӣ барои омӯзиши забони русӣ омода шудааст, ки дар он дастури гуфтугӯйӣ бо иборахои тез-тез истифодамешуда ҷой дода шудааст ва муҳоҷирон онро бепул дар марказҳои тестӣ ва ҷойи корашон дастрас карда метавонанд.

«Барои кумак ба муҳоҷирон зимни супурдани имтиҳонот луғатҳо нашр шудаанд, ки дар онҳо истилоҳоти ҳуқуқшиносӣ, бахшҳои таъриху фарҳанги тестҳои имтиҳонотӣ бо забони модарии муҳоҷирон тарҷума шудаанд. Айни замон луғатҳо бо забонҳои тоҷикӣ, туркӣ, кореягӣ, қирғизӣ ва ветнамӣ омода аст», – иттилоъ медиҳад нашрия.

Зимнан зикр мегардад, ки на ҳамаи муҳоҷирон маротибаи аввал ба супурдани имтиҳон муваффақ гардида, тақрибан 15%-и онҳо аз уҳдаи супоридани тестҳо намебароянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.