Дар Лондон ҷамъоварии кумак ба осебдидагон аз офатҳои табиӣ дар ВМКБ ва дигар манотиқи Тоҷикистон шурӯъ шуд.
Аз сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҷамъоварии маблағҳои хайрия ва дигар кумакҳо бо ташаббуси намояндагии дипломатии ҷумҳурӣ дар Лондон дар ҳамдастӣ бо Ҷамъияти «Пайванд»-и Тоҷикистону Британия ташкил карда шудааст
Зимнан зикр гардид, ки рӯзҳои наздик маблағи ҷамъоваришуда ба суратҳисоби махсуси расмии дар Тоҷикистон бозшуда барои ёрӣ ба осебдидагон аз офат фиристода мешавад.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми зиёни моддии расида аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон тайи ҳафтаи ахир 600 млн. сомонӣ арзёбӣ мешавад. Бар асари ин офат 7 тан аз шаҳрвандони кишвар ҷони худро аз даст доданд.



