Вазорати энергетика: Ду агрегати нерӯгоҳи Роғун солҳои наздик ба кор медароянд

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки солҳои наздик ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии Роғунро мавриди истифода қарор диҳад. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарии рӯзи 22 июл дар ин робита изҳор намуд, ки тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои ду агрегат ба Тоҷикистон оварда шудаву омода аст. «Қисмате аз ин таҷҳизот ҳанӯз замони […]



Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки солҳои наздик ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии Роғунро мавриди истифода қарор диҳад.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарии рӯзи 22 июл дар ин робита изҳор намуд, ки тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои ду агрегат ба Тоҷикистон оварда шудаву омода аст. «Қисмате аз ин таҷҳизот ҳанӯз замони шӯравӣ ба Тоҷикистон оварда шуда, дигар таҷҳизоти боқимонда солҳои ахир аз ширкатҳои истеҳсолкунандаи технологияи электроэнергетикии Украина дастрас шуданд», – қайд кард вазир.

Вазири энергетика ва захираҳои об мушаххасан оид ба кай баста шудани маҷрои дарёи Вахш барои сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун маълумот надод.

Ӯ таъкид дошт, ки иқтидори умумии ду агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун 800 МВт-ро ташкил дода, ин иқтидор кофист, ки давоми тамоми сол ҷумҳурӣ мунтазам ва пурра бо нерӯи барқ таъмин карда шавад. «Дар робита ба натиҷаҳои ташхиси лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз ҷониби коршиносони байнулмилалӣ Ӯзбекистон ҳеҷ эътирози расмие пешниҳод накардааст», – афзуд. У.Усмонзода.

Қобили зикр аст, ки ҳукуматдорони Ӯзбекистон мухолифи сохтмони нерӯгоҳи Роғун буда, чунин мешуморанд, ки бунёди сарбанди бузург ба тақсимоти захираҳои оби дарёи фаромарзии Амӯдарё таъсир расонида, ҳамчунин сохтмони сарбанди баландиаш беш аз 300 метр дар минтақаи ба заминларза осебпазир натанҳо ба Тоҷикистон, балки ба кишварҳои поёноби Амӯдарё низ хатар эҷод мекунад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.