Танҳо давоми 1 сол ТҒД дар ҳаҷми 4,5 млрд. сомонӣ грантҳои хориҷӣ дастрас кардаанд

Зимни нишасти хабарии рӯзи 22 июл вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод дар робита ба ворид намудани тағйироту илова ба қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» изҳор намуд, ки ҳадафи он ба маҳдуд кардани фаъолияти Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) ё нақзи ҳуқуқҳои онҳо нигаронида нашуда, ошкор кардани бо кадом мақсадҳо истифода шудани грантҳои хориҷӣ аст. «Мо танҳо […]



Зимни нишасти хабарии рӯзи 22 июл вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод дар робита ба ворид намудани тағйироту илова ба қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» изҳор намуд, ки ҳадафи он ба маҳдуд кардани фаъолияти Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) ё нақзи ҳуқуқҳои онҳо нигаронида нашуда, ошкор кардани бо кадом мақсадҳо истифода шудани грантҳои хориҷӣ аст. «Мо танҳо ба дастгирии террористону ифротгароҳо равона нашудани ин грантҳоро муайян карданиему халос», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи вазир, танҳо давоми соли 2013 барои дастгирии фаъолияти ТҒД ба Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ дар ҳаҷми 4,5 млрд. сомонӣ маблағ ворид шуда, дар ҳамин ҳол, мутобиқи ҳисоботи ин ташкилотҳо, қисмати зиёди ин воситаҳо тавассути Бунёди Оғо Хон ба ВМКБ фиристода шудааст.

«Мо муайян кардем, ки грантҳое ҳам будаанд, ки барои фаъолияти сиёсӣ истифода шудаанд. Ба наздикӣ қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» қабул мешавад. Дар бисёр кишварҳо ТҒД барои дастрас кардани грантҳо аз Вазорати адлия иҷозатнома мегиранд, вале бо дархости иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мо ин бандро ба қонун ҳамроҳ накардем. ТҒД бояд танҳо дар бораи ҳадафҳои дастас шудани грант ва дигар масоили ба он марбут ҳисобот пешниҳод намоянд», – афзуд вазир.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.