Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – «Тоҷикаэронавгиатсия» ба журналистон дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар 6 моҳи соли равон маълумот медиҳад. Оғоз соати 10-00; – Нишасти хабарии Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2015. Оғоз соати 11-00; –  – Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар нимсолаи […]



Анонс



– «Тоҷикаэронавгиатсия» ба журналистон дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар 6 моҳи соли равон маълумот медиҳад. Оғоз соати 10-00;

– Нишасти хабарии Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2015. Оғоз соати 11-00;

–  – Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли 2015 нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 15-00;

– Дар толори конфронси Маркази илму фарҳанги Русия (кӯч. Мирзо Турсунзода, дар рӯ ба рӯи Азия-Гранд-Отел) барои намояндагони ВАО-и Тоҷикистону Русия оид ба натиҷаҳои сафари кории роҳбари Агентии федералӣ оид ба корҳо бо ҳамватанони муқими хориҷи кишвар ва ҳамкории байнулмилалии гуманитарӣ (Россотрудничество) Любов Глебова нишасти матбуотӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 17-00.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

6.2602

сомонӣ;


1

евро –

6.


8255

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1170

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




2004

– Собиқ директори департаменти дуюми ХБА Ҷон Одлинг Сми бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад. Ба сифати мушовири иқтисодии президент ӯ ба таҳлили мушкилоти иқтисодиву молиявии ҷумҳурӣ машғул шуд.


2010

— Барои ширкати «Тоҷик Эйр» убури ҳарими ҳавоии Ӯзбекистон пулакӣ шуд.


2012

— Нахустин президенти Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Қаҳҳор Маҳкамов барои хизматҳои шоиста дар рушди робитаҳои байнипарлумонӣ бо медали тиллои «Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ – 20 сол» қадрдонӣ шуд.


1955

– Зодрӯзи доктори улуми сиёсӣ, раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов.


1938-2010

– Мавлуди оҳангсоз, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Фаттоҳ Одинаев.


1939

– Зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон Темур Пӯлодов.



Вазъи обуҳаво




Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +24+29, рӯзона +37+42, дар доманакӯҳҳо шабона +17+22, рӯзона +33+38.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +12+17, рӯзона +22+27; дар шарқ шабона +6+11, рӯзона +18+23.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +27+32. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +38+40.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +25+27, рӯзона +38+40.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +24+26.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +37+39.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.