Суғд: Падар аз зарби корди писар ҷароҳат бардошт



Дар ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд падар аз зарби корди писар ҷароҳат бардошт.

Роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Акбар Шарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба гумони даст доштан дар ин амал сокини 35-солаи шаҳри Истаравшан Н.И. боздошт шудааст.

«Маълум шуд, ки рӯзи 27 июл дар манзилашон миёни гумонбаршуда ва падараш муноқиша сар зада, ӯ ба шиками  падараш бо корд зарба мезанад, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудааст», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 110, қ 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошад) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное