То охири сол Тоҷикистон қарзи Ӯзбекистонро пурра пардохтанист

То охири сол Тоҷикистон қарзи кишвари ҳамсояи Ӯзбекистонро пурра пардохт карданист. Аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳаҷми қарз аз Ӯзбекистон аз 8,02 млн. доллари ИМА-и аввали соли 2015 нимсолаи аввали соли равон то ба 2,99 млн. доллари ИМА кам шуд. Нимсолаи аввал маблағи 5,04 млн. доллари ИМА қарзи […]

Пайрав Чоршанбиев



То охири сол Тоҷикистон қарзи кишвари ҳамсояи Ӯзбекистонро пурра пардохт карданист.

Аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳаҷми қарз аз Ӯзбекистон аз 8,02 млн. доллари ИМА-и аввали соли 2015 нимсолаи аввали соли равон то ба 2,99 млн. доллари ИМА кам шуд. Нимсолаи аввал маблағи 5,04 млн. доллари ИМА қарзи асосӣ ва 30 ҳазор доллари ИМА фоизҳо аз он ба Ӯзбекистон баргардонида шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, то ахири сол ҳамчунин пардохт шудани қарз ба Қазоқистон низ дар назар аст, ки ба санаи 1 июли соли ҷорӣ 610 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон

ба санаи 1 июли соли равон

2,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо аввали соли 2015 ба миқдори 34,6 млн. доллари ИМА камтар буда, ба 19,5%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст.

Қарздиҳандаи асосӣ ба Тоҷикистон Чин аст, ки ҳаҷми қарз назди ин кишвар 942 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Тоҷикистон ҳамчунин аз Бонки ҷаҳонӣ – 312,6 млн. доллари ИМА, Бонки осиёгии рушд – 262,5 млн. доллари ИМА ва Бонки исломии рушд – 110,2 млн. доллари ИМА қарздор аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.