Сармояи ҷалбшудаи МОИ ҳудуди 16 млн. $ арзёбӣ мешавад

Ҳаҷми умумии сармояи ҷалбшуда ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Тоҷикистон қариб 100 млн. сомонӣ (ҳудуди 16 млн. $ бо қурби ҳозира) арзёбӣ мешавад. Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, айни замон дар се МОИ – «Суғд», «Данғара» ва «Панҷ» 60 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки 19-тои он (16 то дар «Суғд» […]

Пайрав Чоршанбиев



Ҳаҷми умумии сармояи ҷалбшуда ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Тоҷикистон қариб 100 млн. сомонӣ (ҳудуди 16 млн. $ бо қурби ҳозира) арзёбӣ мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, айни замон дар се МОИ – «Суғд», «Данғара» ва «Панҷ» 60 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки 19-тои он (16 то дар «Суғд» ва 3-то дар «Данғара») ба истеҳсоли маҳсулот оғоз намуда, то охири семоҳаи сеюм ба кор даромадани боз ду субъект дар МОИ «Панҷ» дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, чор субъекти МОИ «Суғд» аллакай фурӯши маҳсулоти худ дар бозорҳои минтақавиро ба роҳ мондаанд, аз ҷумла маҳсулоти пластикии корхонаи муштараки «Стар пласт» ба Қирғизистон содирот шуда, нимсолаи аввал корхонаи муштараки «Силкоат Бойя» ба маблағи 500 ҳазор доллари ИМА маҳсулоташро ба Қирғизистону Қазоқистон ва Афғонистону Русия содирот кардааст.

Гуфта мешавад, корхонаи «Тоҷпроф» ба маблағи 120 ҳазор доллари ИМА маҳсулоти худро ба Қирғизистону Афғонистон фиристода, маҳсуоти ҶДММ «Реал» ба маблағи қариб 200 ҳазор доллари ИМА ба Ӯзбекистону Қирғизистон содирот шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.