Ҳалокати 5 нафар дар роҳҳои кишвар тӯли як шабонарӯз

Тӯли шабонарӯзи сипаришуда бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 5 нафар шаҳрвандон ба ҳалкоат расиданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ронандаи  автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Пиров Аскар соли таваллудаш 1944, сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат дар роҳи деҳаи Яшми ҳамин ноҳия, ба теппаи канори рости роҳ баромада чаппа шудааст. […]

ASIA-Plus



Тӯли шабонарӯзи сипаришуда бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 5 нафар шаҳрвандон ба ҳалкоат расиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ронандаи  автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Пиров Аскар соли таваллудаш 1944, сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат дар роҳи деҳаи Яшми ҳамин ноҳия, ба теппаи канори рости роҳ баромада чаппа шудааст. Дар натиҷа ронанда Пиров А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

шаҳрванд Убайдуллоев Абдулламит соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Исфара бо трактори шахсиаш тамғаи “Т-28 Х4”, дар ҳудуди заминҳои корам, ҳангоми ба корҳои саҳроӣ машғул буданаш, дар нишебии қитъаи замин  тракторро боздошта, ҳангоми фаромадан ногаҳон трактор ба болояш чаппа шудааст. Дар натиҷа шаҳрванд, Убайдуллоев А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Санаи 02.08.с.2015 ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 24-солаи сокини ноҳияи Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳристон аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои автомашинаи тамғаи “КАМАЗ-53212”, таҳти идораи ронанда, марди 59-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа худи ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамин тариқ, худи ҳамин рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Исфара-Конибодом” дар ҳудуди маҳаллаи-19 аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат баромада чаппа шудааст. Дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст. Инчунин, мусофирони автомашинаи мазкур шаҳрвандон: марди 58-солаи сокини ноҳияи Исфара ва ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Конибодом ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.