Оғози машғулиятҳои омодагӣ барои толибилмони синфи якум

Имрӯз дар Тоҷикистон машғулиятҳои омодагӣ барои хонандагони синфи якум шурӯъ шуданд. Аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин ташаббусро нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешниҳод намуда, давоми як моҳ ба кӯдакон ҳарфу рақамҳо омӯзонида мешавад ва онҳо ба ҷараёни хонишу реҷаи нави рӯз ва ғайра мутобиқ мегарданд. Ба […]

Мавзуна Абдуллоева



Имрӯз дар Тоҷикистон машғулиятҳои омодагӣ барои хонандагони синфи якум шурӯъ шуданд.

Аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин ташаббусро нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешниҳод намуда, давоми як моҳ ба кӯдакон ҳарфу рақамҳо омӯзонида мешавад ва онҳо ба ҷараёни хонишу реҷаи нави рӯз ва ғайра мутобиқ мегарданд.

Ба иттилои манбаъ, алҳол шумори хонандагоне, ки соли нави хониш ба синфи якум по мегузоранд, маълум набуда, моҳи сентябр саҳеҳан маълум хоҳад шуд, зеро қабули ҳуҷҷатҳои хонандагони сифи якум дар мактабҳо идома дорад.

«Аксари кӯдакон ба кӯдакистон ё дигар марказҳои таълиму тарбия нарафтаанд, аз ин рӯ, бо реҷаи рӯз дар ин гуна муассисаҳо, муносибат бо муаллимон шинос нестанд ва ин ташаббус маҳз барои чунин кӯдакон нигаронида шудааст. Дар шаҳри Душанбе дар ин самт мушкилие вуҷуд надорад ва ин ташаббус бештар дар минтақаҳое амалӣ хоҳад шуд, ки дар онҳо сатҳи фарогирии кӯдакон бо таълиму тарбияи томактабӣ хеле ночиз аст», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.