Бонки миллӣ тамоили болоравии қурби доллари ИМА-ро шарҳ дод

Оғози ҳафтаи равон қурби миёнаи муқарраршудаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ бетағйир боқӣ монда бошад ҳам, қурби он дар бозор тамоили болоравӣ дошт ва ба ҳисоби миёна 6,67-6,69 сомонӣ ба 1 долл. ИМА баробар шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), яке аз омилҳои асосии болоравии қурби долл. ИМА–и нақд […]

ASIA-Plus



Оғози ҳафтаи равон қурби миёнаи муқарраршудаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ бетағйир боқӣ монда бошад ҳам, қурби он дар бозор тамоили болоравӣ дошт ва ба ҳисоби миёна 6,67-6,69 сомонӣ ба 1 долл. ИМА баробар шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), яке аз омилҳои асосии болоравии қурби долл. ИМА–и нақд якбора паст шудани қурби рубли русӣ нисбати долл. ИМА дар рӯзҳои охир мебошад. Рубли русӣ аз аввали моҳ 7,8 фоиз ва танҳо дар 8 рӯзи охир 6,0 фоиз беқурб шуд (аз 55,84 рубл то ба 60,22 рубл барои 1 долл. ИМА). Беқурбшавии рубли русӣ асосан аз ҳисоби паст рафтани нархи нафт (аз 57,01 долл. ИМА то 52,87 долл. ИМА барои 1 баррел) сурат гирифта истодааст. Мутаносибан рубли русии нақдӣ дар ин давра нисбати сомонӣ низ 5,0 фоиз беқурб шуд (аз 0,1160 сомонӣ то ба 0,1102 сомонӣ барои 1 рубли русӣ).

Ин вазъият ба кам шудани фурӯши рубли русии нақд ва долл. ИМА-и нақд аз ҷониби шахсони воқеӣ сабаб гашта, амалан ба қатъ шудани хариди рубли русӣ бо долл. ИМА-и нақд ва фурӯши долл. ИМА-и нақд дар бозори дохилӣ оварда расонидааст.

Омили дигар, омили мавсимӣ буда, ҳамасола дар оғози моҳи август талабот ба хариди долл. ИМА-и нақд аз ҷониби соҳибкорони инфиродие, ки ба ворид кардани молу маводи талаботи аввалиндараҷа машғул мебошанд, меафзояд. Бахусус, имсол ин давра пас аз тамом шудани моҳи шарифи Рамазон ва хариду фурӯши идона фаро расида, талаботи хариди долл. ИМА-и нақдро ба маротиб зиёд кардааст.

Вазъият зери назорат қарор дошта, Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзӣ барои дар ҳудуди 6,52-6,54 сомонӣ нигоҳ доштани қурби хариду фурӯши долл. ИМА-и нақд тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамоянд.

Қурби миёнаи амалиёти хариду фурӯш бо рубли русӣ ва еврои нақдӣ низ паст шуда, мувофиқан 0,1097-0,1108 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 7,1778-7,1978 сомонӣ ба як евро баробар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.