Манъи вуруди беш аз 276 ҳазор нафар тоҷикистониён ба Русия

Тӯли 6 моҳи соли равон ба намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия 5 ҳазору 220 муроҷиат аз муҳоҷирони корӣ – шаҳрвандони ҷумҳурӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 баробар зиёдтар аст. Котиби матбуотии намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки муҳоҷирон ба масъалаҳои […]

ASIA-Plus



Тӯли 6 моҳи соли равон ба намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия 5 ҳазору 220 муроҷиат аз муҳоҷирони корӣ – шаҳрвандони ҷумҳурӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 баробар зиёдтар аст.

Котиби матбуотии намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки муҳоҷирон ба масъалаҳои гуногун, аз қабили расонидани кумаки ҳуқуқӣ, мусоидат ба ҳаллу фасли баҳсҳо дар робита ба қарордодҳои меҳнатӣ, расонидани кумакҳои моддӣ ва ғайра муроҷиат мекунанд. «Аз ҷумла дар ин давра 199 муроҷиат оид ба бекор кардани қарорҳои мақомоти судӣ дар бораи ихроҷи маъмурӣ ворид шуд», – гуфт ӯ.

Ба қавли номбурда, шумори муроҷиатҳо дар робита ба мусоидат намудан ба ҳалли масъалаи бекор кардани манъи вуруд ба Русия низ афзуда, тибқи маълумоти расмӣ, беш аз 276 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯйхати ба истилоҳ «вурудашон манъ» қарор доранд. «Бо мусоидати намояндагӣ давоми 6 моҳи соли ҷорӣ ба муҳоҷирон дар ҳаҷми умумии 14 млн. 19 ҳазору 482 рубл қарз аз музди меҳнат пардохта шуда, 1297 шаҳрвандони кишвар дар 36 субъектҳои хоҷагидорӣ бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд», – қайд кард. И.Аҳмадов.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин бо мусоидати намояндагӣ дар ҳамдастӣ бо фаъолони диаспорахои тоҷикон, соҳибкорон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба шаҳрвандони ниёзманди ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 2 млн. 610 ҳазору 400 рубл кумаки моддӣ расонида шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.