Амалисозии лоиҳаи CASA-1000 соли 2019 ба итмом мерасад

Амалисозии Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) соли 2019 ба итмом мерасад. Бино ба маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, барои амалисозии қисмати лоиҳа дар Тоҷикистон мувофиқи тарҳи арзёбии иқтисодиву фаннӣ ва модели молиявии Бонки ҷаҳонӣ 314 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст. Гуфта мешавад, то имрӯз оид ба ин […]

Пайрав Чоршанбиев



Амалисозии Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) соли 2019 ба итмом мерасад.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, барои амалисозии қисмати лоиҳа дар Тоҷикистон мувофиқи тарҳи арзёбии иқтисодиву фаннӣ ва модели молиявии Бонки ҷаҳонӣ 314 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст.

Гуфта мешавад, то имрӯз оид ба ин масъала бо Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 45 млн. доллари ИМА созишномаи грантӣ ва Бонки сармоягузории Аврупо ба мабалғи 70 млн. Евро (тақрибан 80 млн..$0 созишномаи қарзӣ ба имзо расида, ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар ин лоиҳа ба маблағи 15 млн. доллари ИМА пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, ахири ҳафтаи гузашта бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба маблағи 110 млн. доллари ИМА созишномаҳои қарзӣ ва кафолатнок ба имзо расиданд. «Дар маҷмӯъ уҳдадориҳо дар ҳаҷми 250 млн. доллари ИМА тасдиқ шуда, ҷиҳати ҷалби воситаҳои боқимонда гуфтушунидҳо идома доранд», – қайд мекунанд дар Вазорати молия.

Қобили зикр аст, ки арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 беш аз 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Хароҷот аз рӯи лоиҳа барои кишварҳои иштирокчии он тариқи зайл тақсим шудааст: Тоҷикистон – 314 млн. $; Қирғизистон – 209 млн. $; Афғонистон – 354 млн. $ ва Покистон – 209 млн. $.

То ахири соли равон интихоби паймонкори кулли лоиҳа дар назар буда, пас аз он бевосита корҳои сохтмону насби хатҳои интиқоли барқ шурӯъ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки дар лоиҳаи CASA-1000  сохтмони хатти интиқоли барқи минтақавӣ барои аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон  интиқол додани нерӯи барқ пешбинӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.