Фаъолияти фасодхонаи маводи мухаддир дар Душанбе қатъ карда шуд

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хабари оперативӣ гирифтанд, ки меҳмонони яке аз хонаҳои маҳаллаи 33-пойтахт дар ҳолати мадҳушӣ қарор доранд. Дари ин хона барои дӯстдорони маводи нашъаовар доимо кушода буд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, кормандони Агентӣ қарор додаанд ин хонаро кофтуков кунанд. Ҳангоми кофтуков бо истифода аз саги […]

ASIA-Plus



Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хабари оперативӣ гирифтанд, ки меҳмонони яке аз хонаҳои маҳаллаи 33-пойтахт дар ҳолати мадҳушӣ қарор доранд. Дари ин хона барои дӯстдорони маводи нашъаовар доимо кушода буд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, кормандони Агентӣ қарор додаанд ин хонаро кофтуков кунанд. Ҳангоми кофтуков бо истифода аз саги хизматӣ дар хона якчанд сӯзандоруи истифодашуда, якчанд вояи героин ва афюн ошкор гардид. Меҳмонон дар ҳолати мадҳушӣ аз маводи нашъаовар қарор доштанд. Маълум гардид, ки меҳмонон дар ин хона маводи нашъаоварро бе ягон мамониат истеъмол мекардаанд.

Дар як рӯз дар ин ҷо то ҳашт нафар ҷавонон дар синни аз 20 то 30-сола ҷамъ меомадаанд. Ташкилкунандаи фасодхона зани 25-сола, сокини пойтахт, модари ду фарзанди хурдсол будааст, ки хонаро иҷора мегирифтааст.

Пас аз гузаронидани чораҳои иловагии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Агентӣ сокини 30-солаи пойтахт дастгир гардид, ки дар давоми ду моҳи охир меҳмонони фасодхонаро бо маводи нашъаовар таъмин менамудааст. Ӯ иқрор шуд, ки якчанд моҳ инҷониб худаш ҳам героин истеъмол мекардааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи 205 қ. 1 КҶ ҶТ (Ташкил ё нигаҳдошти фасодхона барои истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ) оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Ташкилкунандаи фасодхона ва “таъминкунанда”-и он айни ҳол дастгир шудаанд ва ба Тавқифгоҳи Нигоҳдории Муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд. Пас аз ба итмом расидани амалҳои тафтишотӣ парванда ба суд ирсол карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.