Ӯзбекистон ҳеҷ гоҳ лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро дастгирӣ намекунад

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи 1 август дар торнамои расмии худ оид ба муносибати тағйирнопазири кишвар дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон иттилоия интишор намуд. Дар иттилоия қайд мешавад, ки рӯзи 22 июл вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода изҳор дошт , ки «дар робита ба натиҷаҳои ташхиси лоиҳаи сохтмони […]

Аваз Юлдошев



Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи 1 август дар торнамои расмии худ оид ба муносибати тағйирнопазири кишвар дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон иттилоия интишор намуд.

Дар иттилоия қайд мешавад, ки рӯзи 22 июл вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон

Усмоналӣ Усмонзода изҳор дошт

, ки «дар робита ба натиҷаҳои ташхиси лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз ҷониби коршиносони байнулмилалӣ Ӯзбекистон ҳеҷ эътирози расмие пешниҳод накардааст».

Дар ин робита Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, ки қаблан дар вохӯрии намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба баррасии лоиҳаи гузориши Бонки ҷаҳонӣ «Масъалаҳои калидӣ барои баррасии минбаъдаи лоиҳаи пешниҳодшудаи НБО Роғун» ва масоили истифодаи захираҳои обии фаромарзӣ (14-18, июл, ш.Алмаато) Ӯзбекистон мавқеъи усулии худро дар ин хусус баён дошта буд.

Он замон муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов қайд карда буд, ки хулосаи коршиносон ва мушовирон оид ба лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун барои Ӯзбекистон комилан қобили қабул нестанд.

«Мо маҷбурем зикр намоем, ки мушовирон ва коршиносон усули «ҳам ба мо ва ҳам ба шумо»-ро сармашқи кори худ қарор додааанд, агар саҳеҳтар бигӯем, то ки бо ҳама гуна мақсаду бо ҳар арзише ин лоиҳаро гузаронанд, ки замони бузургсохтмониҳои шӯравӣ бидуни назардошти манафиатҳои аҳоливу кишварҳои маҷрои миёна ва поёноби Амӯдарё таҳия шудааст, – гуфта буд Азимов. – Аз ин рӯ, дар бораи бо мо мувофиқа шудани хулосаҳои асосӣ дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда сухан наметавон гуфт. Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ гуна ҳолате ин лоиҳаро дастгирӣ намекунад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.