КҲФ ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шуд

Обуҳавошиносони ҷумҳурӣ имрӯз, 3 август болоравии ҳарорат (5-10 дараҷа) ва эҳтимоли обхезӣ дар дарёҳову селфароиҳоро пешгӯӣ мекунанд ва дар ин робита кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сухангӯи ин Кумита Ориф Нозимов хабар дод. Кумита аз меҳмонон ва аҳолии […]

Аваз Юлдошев



Обуҳавошиносони ҷумҳурӣ имрӯз, 3 август болоравии ҳарорат (5-10 дараҷа) ва эҳтимоли обхезӣ дар дарёҳову селфароиҳоро пешгӯӣ мекунанд ва дар ин робита кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сухангӯи ин Кумита Ориф Нозимов хабар дод.

Кумита аз меҳмонон ва аҳолии кишвар дархост мекунад, ки аз сафар ба минтақаҳои дурдасти кӯҳистон тариқи ағбаҳо ва оббозӣ дар ҷойҳои мамнӯъ худдорӣ варзанд.

Муассисаи обуҳавошиносии Тоҷикистон селфароиҳои навбатӣ дар водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пешгӯӣ мекунад. Дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон ва Дарвози ВМКБ ва ҳамчунин ноҳияҳои Тоҷикобод, Варзоб ва Шаҳристон эҳтимоли обхезиҳо ва фаромадани сел дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.