Медали толибилми тоҷик дар Олимпиадаи байнулмилалӣ оид ба информатика

Толибилми синфи 11-уми гимназияи «Ҳотам ва ПВ»-и Тоҷикистону Русия Меҳрубон Тӯраев дар олимпиадаи байнулмилалӣ медал ба даст овард. Ин дафъа Меҳрубон дар Олимпиадаи байнулмилалӣ оид ба информатика IOI-2015, ки ахири моҳи июл дар Алмаато доир гардид, ба медали биринҷӣ соҳиб шуд. Дар ин олимпиада ҳудуди 330 нафар толибилмон аз 83 кишвари саросари ҷаҳон ширкат варзида, […]

ASIA-Plus



Толибилми синфи 11-уми гимназияи «Ҳотам ва ПВ»-и Тоҷикистону Русия Меҳрубон Тӯраев дар олимпиадаи байнулмилалӣ медал ба даст овард. Ин дафъа Меҳрубон дар Олимпиадаи байнулмилалӣ оид ба информатика IOI-2015, ки ахири моҳи июл дар Алмаато доир гардид, ба медали биринҷӣ соҳиб шуд.

Дар ин олимпиада ҳудуди 330 нафар толибилмон аз 83 кишвари саросари ҷаҳон ширкат варзида, Тоҷикистонро 4 нафар хонандагон намояндагӣ карданд.

Меҳрубон Тӯраев қаблан низ Тоҷикистонро дар олимпиадаҳои сершумори байнулмилалӣ намояндагӣ карда, ба диплому медалҳо шарафёб гардидааст.

Аз ҷумла ӯ се маротиба пайдарҳам медалҳои Олимпиадаи Жаутиковск аз фанни математика, физика ва информатика (соли 2013 – биринҷӣ, соли 2014 – нуқра ва тилло), медалҳои Олимпиадаи даставӣ оид ба барномарезии умумирусиягӣ (соли 2013 – биринҷӣ ва соли 2014 – нуқра), медали тиллои Олимпиадаи кушода оид ба барномарезӣ, медали тиллои Asian pacific international olympiad (Австралия) ва ғайраро ба даст овардааст.

Имсол Меҳрубон гимназияро хатм намуда, таҳсилашро дар яке аз мактабҳои олии бонуфуз идома доданист. Ӯ аз бисёре аз муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла Русия, Озарбойҷон ва Ҷопон даъватнома барои таҳсилро дорад. Ҳамчунин Меҳрубон аз корпоратсияи дар ҷаҳон маъруфи Google барои кор даъватнома гирифтааст.

Олимпиадаи байнулмилалӣ оид ба информатика (IOI) ҳамасола миёни хонандагони мактабҳои миёна гузаронида мешавад. Ин олимпиада бори нахуст соли 1989 доир гардида буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.