ТАЛКО иқтидорҳои истеҳсолиашро навсозӣ мекунад

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) беш аз 100 зарф (ванна)-и электролизиро аз таъмири асосӣ баровард, ки дар онҳо ҷараёни физикиву кимиёвӣ барои ҳосил шудани алюминий сурат мегирад. Аз КВД «Ширкати алюминии тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки давоми 7 моҳи соли ҷорӣ 106 зарфи электролизӣ бо таҷҳизоти заруриаш пурра таъмир ва ба истифода […]

Пайрав Чоршанбиев



Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) беш аз 100 зарф (ванна)-и электролизиро аз таъмири асосӣ баровард, ки дар онҳо ҷараёни физикиву кимиёвӣ барои ҳосил шудани алюминий сурат мегирад.

Аз КВД «Ширкати алюминии тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки давоми 7 моҳи соли ҷорӣ 106 зарфи электролизӣ бо таҷҳизоти заруриаш пурра таъмир ва ба истифода дода шудааст.

Ба иттилои манбаъ, бо дастгирии шарикони хориҷӣ моҳи август корхона таъмири боз 48 зарфи электролизиро анҷом дода, то охири сол 200 чунин зарф иваз карда мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, пас аз анҷоми корҳои азнавсозии таҷҳизот, ширкат тадриҷан ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалияро то иқтидори лоиҳавӣ афзуданист.

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарӣ

дар ин робита изҳор намуд

, ки то охири сол ширкат истеҳсоли 190 ҳазор тонна алюминийро дар нақша дошта, соли оянда раҳбарияти корхона ният дорад, ки ҳаҷми истеҳсоли алюминийи аввалияро то ба 270 ҳазор тонна расонад.

Дар ҳамин ҳол, қаблан зимни нишасти хабарӣ Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон 

Шавкат Бобозода изҳор намуда буд,

 ки давоми ним сол дар ин корхона тақрибан 72 ҳазор тонна (ҳамин давраи соли 2014 – каме бештар аз 70 ҳазор тонна) алюминии аввалия истеҳсол шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ТАЛКО 

бори нахуст тайи солҳои ахир

 ҳаҷми содироти алюминийро зиёд кард. Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфаттоҳ Ғоиб дар ин робита иттилоъ дод, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 109 млн. доллари ИМА 61,2 ҳазор тонна алюминийро ба хориҷи кишвар интиқол додааст.а, нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи ҳудуди 109 млн. доллари ИМА 61,2 ҳазор тонна алюминийро ба хориҷи кишвар интиқол додааст.

КВД «Ширкати алюминии тоҷик» яке аз бузургтарин дар паҳнои ИДМ ва ягона корхонаи истеҳсоли алюминий дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Иқтидори лоиҳавии корхона истеҳсоли 517 ҳазор тонна алюминийро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.