Тағйири либоси расмии роҳбаладони ширкати «Сомон Эйр»

Роҳбаладони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» либоси расмии худро тағйир доданд. Акнун либоси онҳо аз рангҳои марҷонӣ ва нилобӣ иборат мебошад. Тавре аз хадамоти матбуои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, бастаи либосҳои нави духтарон аз нимтана, юбка, шим, пиҷак, шарф, плаш, ду намуд пойафзол ва либоси мардона бошад аз костюм, курта, гарданбанд, плаш ва пойафзол […]

ASIA-Plus



Роҳбаладони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» либоси расмии худро тағйир доданд. Акнун либоси онҳо аз рангҳои марҷонӣ ва нилобӣ иборат мебошад.

Тавре аз хадамоти матбуои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, бастаи либосҳои нави духтарон аз нимтана, юбка, шим, пиҷак, шарф, плаш, ду намуд пойафзол ва либоси мардона бошад аз костюм, курта, гарданбанд, плаш ва пойафзол иборат мебошад.

Дар либоси роҳбаладон нишонаи ширкати ҳавопаймоӣ дарҷ гардидааст. Дар тугмачаҳои либосҳо тамғаи ширкат, шарфҳои занона ва гарданбандҳои мардона бошад, бо нақшу нигори шарқӣ оро дода шудаанд, ки дар дохили ҳавопаймои Боинг 737-900 низ ин ороишро дидан мумкин аст. Либосҳои нав бо фармоиши ширкати ҳавопаймоӣ, дар ширкати туркии Remtex Uniform омода шудаанд.

Қобили зикр аст, ки феълан «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самтҳои Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон амалӣ мекунад. Пойгоҳи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.