Эмомалӣ Раҳмон оид ба кам кардани хароҷоти буҷет дастур дод

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози маҷлис таваҷҷӯҳи иштирокчиёнро ба оқибатҳои офатҳои табиӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди моддӣ гардида буд, ҷалб […]

ASIA-Plus



Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон

маҷлиси васеи

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози маҷлис таваҷҷӯҳи иштирокчиёнро ба оқибатҳои офатҳои табиӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди моддӣ гардида буд, ҷалб намуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи натиҷаҳои боздиди корӣ, рафти иҷрои корҳо оид ба татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату ҳукумат баҳри рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии бахшҳои хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон андешаронӣ карда, иброз дошт, ки бо мақсади шиносоии бевосита аз ҳолати баамаломада рӯзҳои 28-31 июли соли ҷорӣ сафари кории Роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сурат гирифта, як қатор тадбирҳои фаврӣ амалӣ карда шуданд.

Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод комиссияи давлатии барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуда, сокинони зарардида бо бошишгоҳҳои муваққатӣ таъмин гардиданд ва барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ аз мавзеъҳои бехатар қитъаҳои замин ҷудо карда шуданд, ки имрӯзҳо сохтмони хонаҳо босуръат идома дорад.

Инчунин ҷиҳати таъминот бо нерӯи барқ, оби нӯшокӣ, барқарорсозии хатҳои интиқоли барқ, роҳу пулҳо ва расонидани кумак ба аҳолии зарардида ҳамаи ташкилоту идораҳои дахлдор сафарбар гардида, дар самти барқарорсозии инфрасохтори зарурӣ тамоми имкониятҳо истифода шуда истодаанд.

Айни замон дар асоси супориши Президенти мамлакат аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо нерӯи барқ, маводи озуқа ва дигар шароити зист таъмин буда, ба ҳамаи оилаҳои зарардида кумаки яквақтаи Роҳбари давлат ва дигар маводҳои хайриявӣ расонида шуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар баробари ин, муҳим мешуморам, ҳар як оилаи зарардида бояд ба муҳлати то шаш моҳ бо маводи ғизоӣ ва дар фасли зимистони дарпешистода бо ангишт ва дигар асбобу таҷҳизоти гармидиҳанда таъмин карда шавад.

Барои оғози соли нави таҳсил бошад, зарур аст, ки ҷиҳати фаро гирифтани фарзандони оилаҳои осебдида ба мактаб ва бо ҷиҳози хониш, сару либос ва дигар шароити мусоиди таҳсил таъмин кардани онҳо чораҳои бетаъхир андешида шаванд, изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Умуман, ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор, пеш аз ҳама, вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки омодагиро ба соли нави хониш вусъат бахшанд.

Вобаста ба масъалаҳои дигари кори маҷлис, аз ҷумла истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсил, тайёрии ҷиддии ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат ва аҳолӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015 – 2016 ва барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашнҳои давлатии дарпешистода, бахусус 25 – солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар шароити кунунии буҳрони молиявии иқтисодии ҷаҳонӣ истифодаи сарфакоронаву мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва торафт кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа ниҳоят муҳим мебошад. Тавре аз мушоҳидаҳо аён мегардад, буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ вусъат гирифта, таъсири манфии он ба иқтисоди миллии мо низ идома дорад.

«Ҳар яки моро зарур аст, ки дар гузаронидани чорабиниҳои идона низ сарфакор бошем, ба зиёдаравӣ роҳ надиҳем ва расонидани кумаку дастгирӣ ба ятимону маъюбон ва ниёзмандону оилаҳои камбизоатро дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ фаромӯш насозем», – изҳор дошт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.