Ҳалокати 5 нафар дар 2 садамаи нақлиёт

Бар асари 2 садамаи нақлиёт, ки рӯзи 4 август дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Тавилдара рух доданд, 5 нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 63-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Сомониён ба самти ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи мазкур аз ӯҳдаи идора кардани воситаи […]

ASIA-Plus



Бар асари 2 садамаи нақлиёт, ки рӯзи 4 август дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Тавилдара рух доданд, 5 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 63-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Сомониён ба самти ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи мазкур аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол – писарчаи 2-сола ва марди 29-солаи сокини ҳамин ноҳияро пахш намуда, баъдан ба канори роҳ баромада, автомашинаро чаппа намудааст.

Дар натиҷа худи ронанда, мусофираш марди 60-сола ва пиёдагарди  хурдсол ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Инчунин пиёдагарди дигар ва мусофири дохили автомашинаи мазкур марди 59-сола, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Галопер”, марди 30-солаи сокини ноҳияи Тавилдара ҳангоми ҳаракат дар мавзеи пуштаи “Чошт”-и ноҳияи мазкур, берун аз роҳи нақлиётгард автомашинаро ба чуқурии 500-метр чаппа намудааст. Дар натиҷа ронанда ва мусофири дохили автомашина, зани 29-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Дигар мусофирони автомашинаи мазкур марди 27-сола, писарчаи 7-сола ва ҷавони 17-солаи сокинони ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.