Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷойи ҳодиса сари мизи гуфтушунид менишинанд

Намояндагони ҳукумати маҳаллии шаҳри Исфара, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз субҳи имрӯз ба ҳисобу китоби зиёни расида ба сокинони деҳаи Сомониён бар асари муноқишаи марзӣ рӯзи 3-4 август миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишвари ҳамсояи Қирғизистон шурӯъ намуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара дар ин робита иттилоъ дод, комиссияи махсус манзилҳои сокинони деҳаи […]

Аваз Юлдошев



Намояндагони ҳукумати маҳаллии шаҳри Исфара, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз субҳи имрӯз ба ҳисобу китоби зиёни расида ба сокинони деҳаи Сомониён бар асари муноқишаи марзӣ рӯзи 3-4 август миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишвари ҳамсояи Қирғизистон шурӯъ намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара дар ин робита иттилоъ дод, комиссияи махсус манзилҳои сокинони деҳаи Сомониёнро, ки аз «коктейлҳои Молотов»-и шаҳрвандони кишвари ҳамсоя оташ гирифта буданд, аз назар мегузаронад.

«Тахминан соатҳои 14-и имрӯз, 5 август дар деҳаи Сомониён вохӯрии намояндагони мақомоти марзбонии кишварҳо дар назар аст, ки Тоҷикистонро дар он муовини фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ Раҷабалӣ Пираков намояндагӣ мекунад. Ҳайати Қирғизистонро киҳо намояндагӣ мекунанд, алҳол ба мо маълум нест», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба муноқишаи рухдода дар марз бо Тоҷикистон нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев рӯзи сешанбе

аз рухсатии кӯтоҳмуҳлат бар кор баромад.

Дар 

иттилои

 ҳукумати ин кишвар қайд мешавад, ки бо супориши Сариев оид ба ҳаллу фасли ин муноқиша гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст.

Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар яке аз қитъаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зада, ҷонибҳо ба ҳамдигар сангпартоӣ карданд. Рӯзи 4 август низ муноқиша идома ёфт. Тибқи маълумоти гуногун, дар ин муноқиша ба сурати умум аз 200 то 500 нафар иштирок доранд. Шаҳрвандони ҳарду ҷониб ҷароҳатҳо бардоштанд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.