БҶ: Тоҷикистон бояд модели рушдро тағйир диҳад

– Барои расидан ба ҳадафҳои рушд Тоҷикистонро зарур аст, ки модели афзоишро ба таври бунёдӣ тағйир диҳад, ки айни замон ба истеъмол нигаронида шуда, дар ниҳояти кор ноустувор аст, – гуфта мешавад дар Гузориши Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар мавриди Тоҷикистон. «Аз ҳисоби интиқоли маблағҳои пулӣ ва маоши нисбатан баланд дар корхонаҳои давлатӣ, бахши хизматгузорӣ густариш […]

Пайрав Чоршанбиев



– Барои расидан ба ҳадафҳои рушд Тоҷикистонро зарур аст, ки модели афзоишро ба таври бунёдӣ тағйир диҳад, ки айни замон ба истеъмол нигаронида шуда, дар ниҳояти кор ноустувор аст, – гуфта мешавад дар Гузориши Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар мавриди Тоҷикистон.

«Аз ҳисоби интиқоли маблағҳои пулӣ ва маоши нисбатан баланд дар корхонаҳои давлатӣ, бахши хизматгузорӣ густариш ёфта, дар ҳамин ҳол, коҳиши соҳаи начандон бузурги саноатӣ идома дорад», – қайд мешавад дар гузориш.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки суръати фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ ба ҷалби ҷавонон имкон надода, суръати афзоиши музди меҳнат аз маҳсулнокии меҳнат зиёд шудааст.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки «шароити мушкили роҳандозии тиҷорат дар Тоҷикистон ва ҳамчунин монеъаҳо дар роҳи сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ мусоидат накарда, дар маҷмӯъ сармоягузориҳоро маҳдуд мекунанд. Шурӯъ аз соли 2008 ҳаҷми миёнаи солонаи сармоягузориҳои умумӣ ҳудуди 15% нисбати Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро ташкил медиҳад, ки тибқи меъёрҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ хеле кам аст».

Ба сифати монеъаҳои асосӣ дар самти сармоягузорӣ «зербинои ба талабот ҷавобгӯ набуда, бахусус таъмини нокофӣ ва беэътимод бо барқ, волоияти заъифи ҳуқуқҳо, бахусус нисбати ҳуқуқ ба моликият ва ҳамчунин сиёсати андоз ва маъмуриятчигӣ» номбар карда мешаванд.

«Болоравии сатҳи сармоягузориҳои хусусӣ ва рушди тиҷорати нав шартҳои ниҳоят муҳиму ҳатмӣ барои афзоиши таъсиси ҷойҳои корӣ мебошанд», – мегӯянд коршиносон.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки ҳукумати Тоҷикистон назди худ ҳадафҳои бузургмиқёс гузоштааст, ки то соли 2020 бояд ба онҳо ноил гардад. Ин ҳадафҳо аз ду баробар зиёд шудани ММД, коҳиши сатҳи камбизоатӣ то 20% ва ҳамчунин густаришу тавсеъаи синфи миёна иборатанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.