ТАЛКО қарзаш аз «Барқи тоҷик»-ро қисман пардохт намуд

Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) қарзаш аз истифодаи нерӯи барқро ба таври қобили мулоҳиза кам кард. Аз ширкати «Барқи тоҷик» дар ин робита иттилоъ доданд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ ТАЛКО қарзашро ба маблағи 197,3 млн. сомонӣ коҳиш додааст. «Дар навбати худ мо ин маблағҳоро ба пардохти қарзҳоямон ба корхонаву ташкилотҳо равона кардем», – гуфтанд дар […]

Пайрав Чоршанбиев



Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) қарзаш аз истифодаи нерӯи барқро ба таври қобили мулоҳиза кам кард.

Аз ширкати «Барқи тоҷик» дар ин робита иттилоъ доданд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ ТАЛКО қарзашро ба маблағи 197,3 млн. сомонӣ коҳиш додааст. «Дар навбати худ мо ин маблағҳоро ба пардохти қарзҳоямон ба корхонаву ташкилотҳо равона кардем», – гуфтанд дар ширкат.

Ба иттилои манбаъ, айни замон қарзи умумии ТАЛКО аз ширкати «Барқи тоҷик» тақрибан 332 млн. сомониро ташкил медиҳад. «Ширкати алюминии тоҷик бузургарини истеъмолгари нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ аст. Тайи солҳои ахир бинобар сабаби поинравии нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ, ширкат ба норасоии воситаҳо дучор шуд, вале сарфи назар аз ин, дар доираи имконоти мавҷуда қарзҳояшро пардохт мекунад», – гуфтанд дар ширкати «Барқи тоҷик» ва таъкид доштанд, ки «ҳамагӣ чанд сол пеш қарзи ТАЛКО ба ширкат ба ҳудуди 600 млн. сомонӣ расида буд.

Ба нимсолаи аввали соли 2015 қарзи корхонаву ташкилот ва аҳолӣ аз ширкати «Барқи тоҷик» зиёда аз 1,1 млрд. сомонӣ ва қарзи ширкат аз корхонаву ташкилотҳо дар ин давра ҳудуди 1 млрд. сомониро ташкил медиҳад. «Агар ҳамаи қарздорон бо мо ҳисоббаробарӣ кунанд, мо пурра қарзҳои худро баргардонида, боз фоида ҳам мегирифтем», – гуфтанд дар ширкат.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.