Ҳалокати 220 нафар бар асари обхезӣ дар Ҳиндустон

Муддати як ҳафта мешавад, ки дар як қатор минтақаҳои Ҳиндустон обхезии шадид хукмфармоӣ дошта, шумораи қурбониёни обхезӣ рӯз то рӯз меафзояд. Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», тибқи хабарҳои охирине, ки манбаъҳои хабарии ин кишвар пахш кардаанд, бар асари офати табиӣ 220 кас ба ҳалокат расиданд. Як рӯз қабл ин шумора 150 нафарро […]

ASIA-Plus



Муддати як ҳафта мешавад, ки дар як қатор минтақаҳои Ҳиндустон обхезии шадид хукмфармоӣ дошта, шумораи қурбониёни обхезӣ рӯз то рӯз меафзояд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», тибқи хабарҳои охирине, ки манбаъҳои хабарии ин кишвар пахш кардаанд, бар асари офати табиӣ 220 кас ба ҳалокат расиданд. Як рӯз қабл ин шумора 150 нафарро ташкил медод. Афзудани теъдоди қурбониён вуҷуд дорад. Зеро чанд каси дигар дар рӯйхати бедаракшудагон қарор доранд.

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ бар асари обхезӣ 10 миллион нафар бесарпаноҳ мондаанд. Алҳол офати табиӣ 5 штати мамлакатро фаро гирифтааст. Ҳолати ноҳинҷор бештар дар штатҳои Гуҷарот ва Банғолаи Ғарбӣ ба назар мерасад. Тибқи омор танҳо дар ин ду штат обхезӣ 70 қурбонӣ барҷой гузоштааст.

Дар минтақаҳои зарардида 2 ҳазор маҳаллаи муваққатии хайманишинон таъсис ёфтааст. Дар штатҳои Банғолаи Ғарбӣ, Манипур, Роҷистон, Гуҷарот ва Одиша корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома дорад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.