Пешгӯии эҳтимоли селфароиҳо дар се рӯзи оянда

Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз боқӣ мондани хатари селфароиҳо дар ноҳияҳои баландкӯҳи Тоҷикистон огоҳ мекунад. Дар иттилои обуҳавошиносони тоҷик зикр мегардад, ки се рӯзи оянда дар ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон ва Дарвозу Ванҷи ВМКБ, ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва Тавилдараву Варзоб ва ҳамчунин ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд хатари селфароӣ боқӣ мемонад. «Дар дарёҳои Вахш, Панҷ, Ғунд, Бартанг, […]

Пайрав Чоршанбиев



Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз боқӣ мондани хатари селфароиҳо дар ноҳияҳои баландкӯҳи Тоҷикистон огоҳ мекунад.

Дар иттилои обуҳавошиносони тоҷик зикр мегардад, ки се рӯзи оянда дар ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон ва Дарвозу Ванҷи ВМКБ, ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва Тавилдараву Варзоб ва ҳамчунин ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд хатари селфароӣ боқӣ мемонад.

«Дар дарёҳои Вахш, Панҷ, Ғунд, Бартанг, Ванҷ, Язғулом ва Зарафшон, ки асосан аз ҳисоби захираҳои мавсимии барфу пиряхҳо шодоб мегардад, болоравии сатҳи об дар назар аст», – қайд мешавад дар маълумот.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи июл бар асари гармии беҳад зиёд пиряхҳо тезтар об шуда, дар ноҳияҳои баландкӯҳи кишвар сел омад. Зиёни умумии расида аз ин офати табииро ҳукумат 600 млн. сомонӣ арзёбӣ намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.