Тасдиқи нақшаи амали 4-солаи идоракунии молиявӣ дар Тоҷикистон

Таҳти раёсати вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён дар Душанбе ҷаласаи сеюми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масоили идоракунии молияи давлатӣ доир гардид. Бино ба маълумоти Котиботи Вазорати молияи Тоҷикистон, дар ҷаласа Нақшаи нави амали Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои давраи солҳои 2015-2018 баррасӣ ва тасдиқ карда шуд. Шӯрои ҳамоҳангсоз ҳамчунин Нақшаи амали марҳилаи дуюми ҷорисозии меъёрҳои […]

ASIA-Plus



Таҳти раёсати вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён дар Душанбе ҷаласаи сеюми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масоили идоракунии молияи давлатӣ доир гардид.

Бино ба маълумоти Котиботи Вазорати молияи Тоҷикистон, дар ҷаласа Нақшаи нави амали Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои давраи солҳои 2015-2018 баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.

Шӯрои ҳамоҳангсоз ҳамчунин Нақшаи амали марҳилаи дуюми ҷорисозии меъёрҳои ҳисоботнокии молиявии бахши давлатии Тоҷикистонро низ тасдиқ намуд.

Дар кори ҷаласаи сеюми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масоили идоракунии молияи давлатӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ НеъматуллоҲикматуллозода, вазири адлияи ҶТ Рустам Шоҳмурод, раси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва раҳбарияти дигар вазорату идораҳои дахлдори кишвар, ҳамчунин намояндагони созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ширкат варзиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.