Таҷлили ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҷавонон дар Душанбе

Ба муносибати Рӯзи байнулмилалии ҷавонон, ки ҳамасола санаи 12 август дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, дар Душанбе як қатор чорабиниҳо доир мегарданд. Тавре аз намояндагии Фондии СММ оид ба аҳолӣ (UNFPA) дар ҶТ хабар доданд, имсол Рӯзи байнулмилали ҷавонон таҳти шиори «Фаъолнокии шаҳрвандии ҷавонон» ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе як […]

ASIA-Plus



Ба муносибати Рӯзи байнулмилалии ҷавонон, ки ҳамасола санаи 12 август дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, дар Душанбе як қатор чорабиниҳо доир мегарданд.

Тавре аз намояндагии Фондии СММ оид ба аҳолӣ (UNFPA) дар ҶТ хабар доданд, имсол Рӯзи байнулмилали ҷавонон таҳти шиори «Фаъолнокии шаҳрвандии ҷавонон» ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе як чорабинии бузургмиқёс гузаронида мешавад, ки ба ҷалби ҷавонон ба ҳаллу фасли мушкилоти кунунии ҷомеа ва рушди устувори ҷумҳурӣ нигаронида шудааст.

Ин чорабинӣ аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Ҳамсол ба ҳамсол» дар ҳамдастӣ бо дигар созмонҳои миллӣ ва намояндагони сохторҳои тиҷоратӣ барпо карда мешавад. Шарики доимии баргузории чорабинӣ намояндагии UNFPA дар Тоҷикистион мебошад.

Чорабинӣ дар бинои маҷмааи савдои «Пойтахт-90» баргузор шуда, аз қисматҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ иборат аст. Дар қисмати аввал ярмаркаи барномаҳо барои ҷавонони созмонҳои миллӣ ва байнулмилалӣ, ҷойҳои корӣ ва имконот барои ихтиёрӣ шудану таҷрибаомӯзӣ дар ин созмонҳо доир мегардад.

Ҳадафи аслии қисмати дуюми чорабинӣ ба маърази тамошо гузоштани навъҳои гуногуни эҷодиёти ҷавонон аст. Барнома ба ҷавонони боистеъдод, аксбардорон, косибону ҳунармандон имкон медиҳад, ки маҳсули ҳунару эҷоди худро ба мардум намоиш диҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.