Нашрияи
The Brussel times
-и Брюссел мақолаи Ҳерберт Дрофман, узви Парлумони Аврупо аз ҳизби халқии Тироли ҷанубии Италия, роҳбари шўрои Ҳизби халқии Аврупо, инчунин роҳбари Гўруҳи дўстии Парлумони Аврупо ва Тоҷикистон ба муносибати 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба нашр расонид.
Дар зер матни мақолаи зикршударо, ки дар сомонаи АМИТ «Ховар» чоп шудааст, манзуратон мегардонем:
«Эмомалӣ Раҳмон дар даврони хеле сангин барои Тоҷикистони тоза ба истиқлол расида ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб гардид. Ҷанги хонумонсўзи дохилӣ боиси хисороти зиёди молию ҷонӣ гардида буд ва ба тамомияти арзӣ ва бақои халқи тоҷик хатари нобудӣ таҳдид мекард. Чаноби Эмомалӣ Раҳмон кишварро аз хатари нобудшавӣ наҷот дода, мардумро сарҷамъ овард ва ҳазорон гурезаро ба Ватан бозпас гардонид.
Ибтикороти ӯ ба наҷот додани давлатдории тоҷикон ва хотима бахшидан ба ҷанги дохилӣ равона шуда буд, ки дастгоҳи давлатиро аз ҳолати фалаҷ шудан раҳо кард, махсусан дар соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти интизомӣ, ба таъсиси қувваҳои мусаллаҳи миллӣ ва қушунҳои сарҳадӣ, таъмини шароити мустаҳкамшавии ҳокимият ва ҳамчунин таъмини сулҳ, бозпас гардонидани гурезагон ва нафарони ҷойи зист ивазкарда созгор буданд.
Эмомалӣ Раҳмон бунёди матини ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон, қабули Конститутсия (Сарқонун)-и нав, амалӣ намудани ислоҳоти конститутсионӣ ва ба вуҷуд овардани шароити ҳуқуқии парлумони демократии бисёрҳизбиро гузошт. Ба шарофати ҳамаи ин Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи 27 июни соли 1997 ба имзо расид. Таҷрибаи Тоҷикистон дар барқарор намудани сулҳ ва расидан ба ризоияти миллӣ таҳти ҳимояи СММ хело муҳим аст ва дар бартараф кардани муноқишоти миллӣ дар дунё метавонад ба сифати намуна истифода кард.
Барои эҳёи миллӣ, иштирок дар фаъолияти эҷодӣ, беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ шароит фароҳам оварда шуд. Дар кўтоҳтарин муддат тадбирҳои сиёсие пиёда карда шуд, ки дар натиҷа иншооти нави бузурги иҷтимоӣ-иқтисодӣ, истеҳсолӣ ва маданӣ бино гардид, ҳамчунин роҳҳои мошингарди тамоми сол барқароркунандаи иртибот байни манотиқи кишвар ва дигар роҳҳои мошингарди байналмилалии имкони ба баҳр баромадан дошта ва рушди муносибот бо давлатҳои ҳамсоя ва хориҷаи дур фароҳам омад.
Ҳамчунин ҷиҳати тақвият бахшидан ба нуфузи сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ тадбирҳо андешида шуд. Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият мешиносанд. Тоҷикистон ба рушди муносиботи судманди дуҷониба ва гуногунсавия бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии сершумор мусоидат мекунад. Ин тадбирҳо ҳамчунин ба тавсеаи муносибот байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф ва фарҳанг кўмак мерасонад ва ба муколамаи фаъол байни Брюссел ва Душанбе дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла байни Парлумони Аврупо ва Парлумони Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Ҳадафи Гурўҳи дўстии Парлумони Аврупо ва Тоҷикистон, ки шарафи роҳбарияташ ба дўши банда аст, рушди ин муколама ҳамроҳ бо намояндагии Тоҷикистон дар Брюссел мебошад. Ба вуҷуд овардани асоси муосири ҳуқуқии иқтисоди бозаргонӣ ва шароити судманди сармоягузорӣ дар кишвар ва низ узвияти Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат бешубҳа ба рушди босуръати муносиботи тиҷоратӣ ва сармоягузории кишвар бо ҷаҳони беруна мусоидат хохад кард. Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти умумиҷаҳонӣ нақши муҳим дорад. Тоҷикистон борҳо минбари СММ-ро ҳамчун форум барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ на танҳо ба мушкилоти кишвари худ, балки ба масоили марбут ба Афгонистон, мубориза зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, нобаробарии тараққиёти давлатҳои ҷаҳон ва таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ истифода карда аст.
Бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон СММ соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилаии «Об барои ҳаёт» ва соли 2013-ро «Солии байналмилаии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон кард. Дар ҳоли ҳозир аксар ҳамоишҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар чорчўбаи ин Даҳсола баргузор мегардад ва ин ибтикори Президент боиси ифтихори мардуми Тоҷикистон мебошад. Бо талошҳои пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз вартаи ҳалокати миллӣ наҷот ёфт ва ба устувор гардонидани истиқлолияти худ дар охири қарни 20 муваффақ гашт, ки дар натиҷа мардуми тоҷик ба пешрафтҳои чашмрас дар ростои эҳёи миллӣ ноил гашт ва ба сўи ояндаи боз ҳам беҳтар, шукуфотар ва зиндагии арзанда қадамҳои устувор гузошт. Мо ҳамчун Гурўҳи дўстии Парлумони Аврупо ва Тоҷикистон аз ҷониби худ омода ҳастем, ки ба мардуми Тоҷикистон барои ноил гаштан ба ҳадафҳои арзандааш ҳамаҷониба кўмак расонем».



