Медали нуқраи Дилшод Назаров дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон

Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекин ба дарёфти медали нукра шарафёб гардид. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Дилшод Назаров дар даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ, ки рӯзи 23 август дар Пекин баргузор шуд, барои ҷойи дувум бо медали нуқра ва 30 ҳазор доллар сарфароз гашт. […]

ASIA-Plus



Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекин ба дарёфти медали нукра шарафёб гардид.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Дилшод Назаров дар даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ, ки рӯзи 23 август дар Пекин баргузор шуд, барои ҷойи дувум бо медали нуқра ва 30 ҳазор доллар сарфароз гашт.

Дилшод дар сабқати ниҳоии гурзандозӣ байни мардон дар байни 12 нафар зӯртарин гурзандозҳои ҷаҳон бо натиҷаи 78 метру 55 сантиметр ҷои дувумро азони худ кард. Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров барои аввалин бор дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ба чунин дастоварди бузург мушарраф шуда, соҳиби медал гардидааст.

Павел Файдек (Лаҳистон) бо натиҷаи 80,88 м. қаҳрамони ҷаҳон шуд ва бо медали тилло ва 60 ҳазор доллар сарфароз гашт. Войтсех Новитски (Лаҳистон) бо натиҷаи 78,55 м дар ҷои севум қарор гирифт ва бо медали биринҷиву 20 ҳазор доллар мукофотонида шуд. Натиҷаи Новитски ва Назаров якела аст, вале дар партофти дувум Дилшод гурзро ба масофаи 78,06 м ҳаво дод, Войтсех бошад, ба масофаи 77,20 м.

Дар сабқати ниҳоӣ дунафарӣ аз Лаҳистону Финляндия, якнафарӣ аз Британияи Кабир, Куба, Қатар, Маҷористон, Миср, Русия, Словакия ва Тоҷикистон иштирок доштанд.

Ахиран Дилшод Назаров бори дуюм дар мусобиқаи силсилаи IAAF (Федератсияи байналмилалии варзиши сабук) оид ба гурзандозӣ

дар Гран-При Карлстади Шветсия пирӯз шуда буд.

Бо ин ғалаба Дилшод Назаров мавқеъи дуюмашро дар ҳисоби умумии Hammer ThrowChallenge ҳифз кард.

Қобили зикр аст, ки Дилшод Назаров нахустин варзишгари Тоҷикистон аст, ки ба

ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои Олимпиада-2016

 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) даст ёфт.

Ҳамчунин дар мусобиқаи Чемпионати Осиё-2015 дар шаҳри Ухани Чин Дилшод Назаров бо натиҷаи 77.68 метр 

маротибаи сеюм қаҳрамони Осиё шуд.

Бозиҳои олимпии соли 2016 барои Дилшод Назаров Олимпиадаи чорум аст. Бори нахуст ӯ соли 2004 дар Олимпиадаи Афина (Юнон) иштирок кард. Дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин ӯ зинаи 11-ум ва дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон мақоми 10-умро касб намуда буд.

Дилшод Назаров қаҳрамони Осиё дар солҳои 2009 ва 2013 аст. Дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон соли 2013 дар Маскав ба дарёфти мақоми 5-ум ноил гардида буд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, дар баробари варзишгари маъруф будан, айни замон Дилшод Назаров ба ҳайси муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон низ фаъолият дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.