Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Фармондеҳи фармондеҳии марказии ИМА генерал Ллойд Ҷ.Остин III бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд; – Сафари гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ИДМ таҳти сарварии муовини аввали раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ В.Г.Гаркун; – Лоиҳаи «Платформаи волоияти ҳуқуқ ИА-Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ мешавад, дар ҳамдастӣ бо Шӯрои адлияи Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Анонс



– Фармондеҳи фармондеҳии марказии ИМА генерал Ллойд Ҷ.Остин III бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд;

– Сафари гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ИДМ таҳти сарварии муовини аввали раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ В.Г.Гаркун;

– Лоиҳаи «Платформаи волоияти ҳуқуқ ИА-Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ мешавад, дар ҳамдастӣ бо Шӯрои адлияи Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар рушди ҳокимияти судӣ» дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ конфронси ҷумҳуриявӣ барпо мекунад;

– Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Тағйирёбии иқлим ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он» конфронси минтақавӣ доир мегардад;

– Дар Душанбе кори Олимпиадаи байнулмилалии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ оид ба ҳаракати олимпӣ идома меёбад;

– Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозии аввали чаҳорякфиналии Ҷоми КФО-2015 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Паҳанг»-и Малайзия баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 20-00.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

6.3097

сомонӣ;


1

евро –

7.2637

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1000

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих



Рӯзи ангиштканон


1964

— Дар Душанбе консерти ансамбли «Гулшан», нахустин ансамбли эстрадӣ дар ҷумҳурӣ доир гардид.


1995

— Дар Душанбе истеҳсоли нахустин дорувориҳои корхонаи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оғоз шуд.


2007

— Дар Панҷи Поён (ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон) маросими ифтитоҳи пул аз болои дарёи Панҷ баргузор шуд.


2008

— Дар доираи таҷлили ҷашни 1150-солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими пуршукӯҳи ифтитоҳи маҷмааи «Боғи устод Рӯдакӣ» баъди таъмиру азнавсозӣ доир гардид.


2011

— Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани роҳи мошингарди Душанбе – Рашт – Ҷиргатол – Саритош иштирок кард.


2014

— Дар Бишкек ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии кишварҳо доир гардида, ҷонибҳо дар бораи сохтмони роҳҳо ба мувофиқа расиданд.


1902-1982

– Зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сергей Баласанян.


1933

– Мавлуди таърихшинос, Арбоби шоистаи илму техникаи Тоҷикистон Имомназар Келдиев.


1937

– Зодрӯзи математик, профессор Зафар Усмонов.


1949

– Мавлуди актрисаи театру кино Дилбар Умарова.


1963

– Зодрӯзи доктори улуми фалсафа Хуршедҷон Зиёев.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +26+31.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +15+20.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +22+27; дар шарқ шабона +1+6, рӯзона +13+18.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +20+25. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +32+34.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. 

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +30+32.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +23+25.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.